Як зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд. Дар ин бора ВКД-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

“Шаби 22 ба 23 март тақрибан соати 2-и шаб зан бо шаваҳараш муноқиша карда, дар ҷараёни ҷанҷол корд мегирад ва ба тарафи чапи қафаси синаи ҳамсари 38-солаи худ бо он зарба мезанад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар хабари ВКД доир ба сабаби муноқишаи ҳамсарон ва дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.