Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Николаас Якоб Схермерс, сафири мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод хабар медиҳад, ки ин мулоқот дирӯд, 1-уми май, баргузор шуда, дар рафти он ҳамчунин, тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон муҳокима гардидааст.
Ҳамчунин, доир ба ҳолати кунунии дурнамои вазъи минтақа, ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифтааст.
“Дар рафти вохӯрӣ масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид”, - таъкид мешавад дар хабар.
Бояд гуфт, ки соли 2023 чанд мавриди истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои аврупоӣ сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки истирдоди ин афрод ва муҷозоти онҳо бар асоси далелҳои марбут ба содир кардани ҷинояти онҳо сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2023 бо дархости кишвар беш аз 200 ҷинояткор боздошт ва истирдод шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 100 нафар бештар аст. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додситони кул, афроди истирдодшуда барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо дар бораи истирдод қарордод дорад ва бо кадом кишварҳо чунин созишномаҳо баррасӣ мешаванд, инҷо бихонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста