Марде дар вилояти Суғд барои куштори дӯстдухтар ё ҳамзисташ дар ҳузури кӯдаки сесола 16-сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ, аз ин мард Боймурот Норови 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич (Ғончии пешина) ном бурдааст, ки аввали моҳи декабри соли 2023 аз ҳиссиёти рашк Фархунда Бобоҷонова, ки бо ӯ дар никоҳи мусулмонӣ буд, ба қатл расонидааст.
Ҳукмро Фирдавс Ҳусайнзода, додраси додгоҳи вилоятӣ содир кардааст.
Аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфтанд, Боймурот Норов бо Хосият Норова, духтари амакаш никоҳи расмӣ ва аз ӯ 3 фарзанд дошт. Вале соли 2018 бо Фархунда Бобоҷонова, сокини шаҳраки Ғончӣ тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо карда, бо як писар зиндагӣ мекард.
“Норов пайваста аз рафторҳои Фархунда Бобоҷонова шубҳа карда, тахмин мекард, ки ӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардҳои бегона сӯҳбат мекунад. Рӯзе мехоҳад, ин масъаларо бо Бобоҷонова ба миён гузорад, вале нофаҳмӣ ба миён омада, ҷанҷол сар мезанад”,-омадааст дар қарори ҳукми додгоҳ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамон замон ӯ аз мошинаш корди хоҷагиро бароварда, дар пеши чашми фарзанд ва падари Бобонова дӯстдухтар ё ҳамзисташро бо корд мезанад.
“Фархунда дар ҳолати вазнин ба Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич дастрас шуда, дар Шӯъбаи эҳёгарӣ ба ҳалокат мерасад”, - гуфт манбаъ.
Додгоҳи вилояти Суғд 22-юми майи соли равон Боймурот Норовро барои тайёрӣ ба ҷиноят ва одамкушӣ ё моддаҳои 32 ва 104 Кодекси ҷиноятӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Назари худи Норов, вакили дифоъ ва наздикони ӯ маълум нест.
Ҳодисаи куштори зан ё дӯстдухтар аз ҳиссиёти рашк ё нофаҳмӣ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар ин бора хабарҳо расонаӣ мешуд.
Варақаи иттилоотии №1: Хишти аввал дар таҳкурсии “Азия-Плюс”
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста