Як корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шудааст. Дар ин бор аз Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ҳукми Шерзод Тоҷибоев, корманди шуъбаи хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 30-юми май аз сӯи додраси Додгоҳи вилояти Суғд Боир Зоирзода содир шудааст.
Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли равон “ба боварии Зиёвуддин Кароматуллозода, як сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо суйистифода аз мақоми хизматӣ барои ба кор қабул кардан ба шуъбаи "Муҳофиза"-и ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст”.
Бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд Шерзод Тоҷибоев барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2) 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муддати ду сол маҳрум карда шуд.
Инчунин, ӯ 4 ҳазор сомонӣ зарари расонидаро барқарор кардааст.
Назари худи Шерзод Тоҷибоев, вакили дифоъ в аназдиокни ӯ ба ин ҳукм маълум нест.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста