Як гурӯҳ хатмкунандагонро дар Душанбе барои таҷлили “занги охир” танбеҳ дода, падару модарони онҳоро аз 216 то 504 сомонӣ ҷарима бастаанд. Дар ин бора аз милитсияи пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, як гурӯҳ хатмкунандагони мактаби №89-и ноҳияи Сино баъи тамом шудани дарсҳо дар охири моҳи май дар тарабхонаи “Самандар”-и пойтахт шабнишинӣ барпо карда, “занги охир”-ро таҷлил кардаанд.
“Азбаски таҷлили “занги охир” манъ аст, қоидавайронкунии онҳо ошкор ва барои танбеҳашон дар мактаби мазкур суди сайёр баргузор карда шуда, ин масъала баррасӣ гардид”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ғайр аз ин, бар зидди волидони хонандагон мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои “иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон” парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Бар асоси ин модда волидони хонандагон аз 3 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 504 сомонӣ) ҷарима шудаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2015 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муддати таҷлили “Занги охир”-ро 45 дақиқа – аз соати 8:00 то 8:45 муқаррар намуд.
Он замон баргузор кардани ҳама гуна маъракаҳои ботантана, аз ҷумла баргузории чорабинӣ дар тарабхонаҳо, ҷамъоварии маблағ барои туҳфа ба муаллимон ва сайру гашти оммавиро манъ карда буд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста