Пулиси Душанбе навори видеоии се ҷавонро нашр кард, ки қаблан бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз зангҳои телефонӣ боздошт шуда буданд. Гумонбарон гуфтаанд, ки тавассути канали Телеграм кор ёфта, ба номи Виктор Николаевич пул фиристодаанд, ки шахсияташ дар навор ифшо нашудааст.
Ду нафари онҳо Фарҳод Мамараимови 32-сола ва Рустам Шарофиддинови 33-сола гуфтаанд, ки барои фиристодани пул ба андозаи 10%-и маблағи ба Виктор Николаевич фиристодаашон ҳақ мегирифтаанд. Тибқи нақша, вазифаи ҷавонон танҳо ҳамчун миёнарав аз қурбониён пул гирифта фиристодан будааст.
Гумонбари сеюм, сокини 23-солаи пойтахт Амина Акобирова иддао дорад, ки аз тариқи Телеграм ба ӯ пешниҳоди кор омадааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки вазифааш расонидани ашё ва пул аст ва ӯ розӣ шудааст.
Ба қавли ӯ, борҳо аз мардум (шахсияти қурбониён маълум нест) пул гирифта, ба онҳое, ки корашро пешниҳод кардаанд, фиристодааст. Барои хизматҳояш як бор 1000 сомонӣ ва дафъаи дигар 7000 сомонӣ гирифтааст.
Аммо ин ниҳод мушаххас нагуфтааст, ки боздоштшудаҳо аз қаллобӣ будани аъмоли худ огоҳ буданд ё на, бо он далелҳои тақаллуби телефонӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи “Азия-Плюс” нашр шудаанд, иртиботи хосе доштанд ё на.
Ёдовар мешавем, ки дар хусуси боздошти ин се нафар дирӯз Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дода буд. Ин навишта буд, ки боздоштшудагон узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ буда, тариқи бо расонидани хабарҳои бардурӯғ ва фиребгариву қаллобӣ аз сокинон 62 ҳазор доллар гирифтаанд.
Манбаъ зикр кардааст, ки ин гурӯҳ рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, ба онҳо дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд.
Ҳоло маълум нест, ки боздоштшудагон рақамҳои телефони сокинонро чӣ гуна дастрас кардаанд ва ҳамакнун, нисбати онҳо мушаххасан бо кадом банди Кодекси ҷиноятӣ иттиҳом эълон шудааст.
Ҳамчунин, назари худи боздоштшудагон ва ё пайвандону вакилони дифоашон низ маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир фиребгариву қаллобӣ тавасути телефон дар Душанбе бештар шудааст, ки дар он ҳамлагарон бо истифода аз фанновариҳои зеҳни сунъӣ ба садои хешовандони наздики қурбониён тақлид мекунанд ва аз онҳо маблағи калонро ба даст меоранд. Дар ин бора сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд ва мардумро огоҳ месозанд.
Варақаи иттилоотии №1: Хишти аввал дар таҳкурсии “Азия-Плюс”
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста