Додгоҳе дар Екатеринбурги Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми “ташкили гуруҳи террористӣ ва иштирок дар он” ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардааст. Дар ин бораи centralasian.org бо такя ба сарчашмаҳои гуногун иттилоъ медиҳад.
Расонаи “It’s My City” иттилоъ дода, ки Сангинмурод Мусофирову Абубакр Сангчаров дар ташкили созмони террористӣ ва ҷалби одамон ба он гунаҳкор дониста шудаанд. Додгоҳ аввалиро 25 ва дувумиро 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Се гумонбари дигари парванда Анваршо Авезов 18 сол, Нуралӣ Дӯстов 17 сол, Шаҳромҷон Мусофиров 16 сол зиндонӣ ва ҳар яке 350 ҳазор рубл ҷарима шудаанд.
Ба иттилои пойгоҳи иттилоотии “Baza”, Сангчаров шаҳрвандии Русияро дорад ва боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд. “URA.RU” навишта, ки панҷ кас шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.
Расонаҳо соли 2021 хабар дода буданд, ки дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Русия 15 муҳоҷир дастгир гаштааст. 10 каси онҳо баъд аз се моҳ аз Русия ихроҷ ва панҷ тани боқӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфта буд, ки гумонбарон мехостанд дар Екатеринбург як шохаи гуруҳи “Толибон”-ро ташкил кунанд.
Наздикони муҳоҷирон иттиҳомотро беасосу сохта хонда, мегӯянд, “онҳо аз ноилоҷӣ ба Русия рафта буданд”.
Азизмурод Мусофиров, ки дар миёни боздоштшудаҳо бародар ва чанд хешовандонаш ҳаст, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳоро ду рӯз шиканҷа ва маҷбур кардаанд, ки гуноҳро ба гардан гиранд.
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста