Додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Ёвонро дар ғорат ва қатли ду сокини ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) дар солҳои 1992-1993 гунаҳкор дониста, равонаи зиндони низомаш сахт кард.
Ба иттилои Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон, сокинони ноҳияи Ёвон - Нурилло Рустамови 55 - сола ва Ҳакимҷон Эмомови 52 - сола давоми солҳои 1992 - 1993 дар ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Барҳон Саодатов ғорат кардаанд ва Азизбек Додовро ба қатл расонидаанд. Ҳардуи ҷабрдидагон сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буданд.
Дар парвандаи ҷиноӣ номи ҳафт узви ин гурӯҳи ҷиноӣ - Саматов А., Тӯраев Т., Норбоев К., Сатторов Ч., Тағойбеков М., Эмомов Ҳ. ва Рустамов Н. зикр гардидааст, аммо танҳо ду нафари онҳо - Нурилло Рустамов ва Ҳакимҷон Эмомов боздошту муҷозот шуданд. Тақдири аъзои боқимондаи ин гурӯҳ номаълум аст ва дар додситонӣ ҳам дар ин бора маълумот пешниҳод накардааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳолати аввал Ҳакимҷон Эмомов бо маслиҳати пешакӣ 14-уми июни соли 1992 якҷо бо Тӯраев Т., Норбоев К. ва Тағойбеков М. ба Барҳон Саодатов ҳамла карда, мошин ва маблағашро тасарруф мекунанд.
“Дар ҳолати дуюм, 18-уми июли соли 1992 Тағойбеков М. аз Азизбек Додов, ки мошини тамғаи ГАЗ-2410 дошт, хоҳиш мекунад ӯро то деҳаи Фурқат бурда расонад. Дар ин деҳа тибқи маслиҳати пешакӣ онҳоро Нурилло Рустамов, Тӯраев Т. ва Норбоев К. пешвоз мегиранд ва ба қатл мерасонанд. Мошин ва маблағи Азизбек Додовро тасаруф карда аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд”, - иттилоъ додааст додситонӣ.
Пас аз 32 сол аз ин ҷиноят, Нурилло Рустамов ва Ҳакимҷон Эмомов боздошт шуда, нисбаташон бо модаҳои 74, 156 кисми 3 ва 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (таҳрири 1961) парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Санаи дақиқи боздошти онҳо маълум нест, аммо додгоҳ вилояти Хатлон 19-уми июни соли 2024 Нурилло Рустамовро ба муҳлати 13 сол ва Ҳакимҷон Эмомовро ба муҳлати 11 сол равонаи зиндони низомаш сахт кард.
Бояд зикр кард, ки ин аввалин ҳолати тафтиш ва муҷозот барои ҷиноятҳои солҳои қабл анҷомдода аз сӯйи додситонӣ ва додгоҳи вилояти Хатлон нест.
1-уми июли соли равон додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Қубодиёнро барои қатли шаҳрванди Ӯзбекистон ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Пештар аз ин, 10-уми июни соли 2024 ҳамин додгоҳ 2 сокини ноҳияи Дӯстиро барои куштори директори як мактаб ва аъзои оилаи ӯ дар соли 1993 барои 15 сол равонаи зиндон намуд.
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Сокинони кишвар метавонанд як рӯз аз ташхиси тиббии ройгон гузаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста