Дар Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳодисаи рабуда шудани сокини 21-солаи шаҳр Абӯбакр Ҳоҷизода мавриди тафтиш қарор дорад, ки бо мақсади пул гирифтан барои раҳоии ӯ 30 ҳазор сомонӣ ба даст оварданӣ буданд. Ин ҳодиса ҳанӯз моҳи июн рух дода, аммо Раёсати ВКД-и пойтахт дар ин бора танҳо имрӯз хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, пас аз бедарак шудани Абӯбакр кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ намуда, ҳамчун гумонбар шаҳрванд Хуршед Гулонови 36-сола, сокини шаҳри Душанберо, ки бо ҷурми дуздӣ қаблан суд шудааст, дастгир намуданд.
“Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки гумонбаршуда гирифтори нашъамандӣ буда, ҷавонро бо мақсади гирифтани 30 ҳазор сомонӣ аз волидони Абубакр ба ивази раҳоиаш рабудааст”, - гуфтанд дар Раёсат.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда Абӯбакрро аз кӯчаи Деҳотӣ рабуда, дар таҳхонаи манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Яккачинор дар шароити ниҳоят вазнин нигоҳ дошта, зери шиканҷа ва латукӯб қарор додааст.
Дар бораи чӣ гуна аз гумонбар огаҳ шудани кормандони милитсия хабар дода нашуда, танҳо зикр гардид, ки “дар натиҷаи кори пурсамару мураттаби кормандони милитсия ин ҷиноят ошкор карда шуд”.
Дар Раёсат изҳор намуданд, ки Абӯбакр Хоҷазода тасодуфӣ ҷабр дидааст, зеро “Гулонов ӯро дар вақти хумори истеъмоли нашъа гирифтанаш рабуда”, лекин ба пул талаб кардан аз волидонаш фурсат наёфтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Хуршед Гулонов айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаҳои 130 қисми 2 (Одамрабоӣ) ва 250 қисми 2 (Тамаъҷӯӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Мувофиқи моддаи якум ӯ метавонад ба маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 12 сол ва моддаи дуюм - аз 10 то 12 сол ҷазо гирад.