Як муҳосиби шуъбаи кишоварзии ҳукумати ноҳияи Фархор ба дуздии кумакҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ мутаҳҳам шуда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора Агентии зиддифасоди Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши молӣ ва иқтисодӣ дар ҳукумати ноҳияи Фархор маълум шудааст, ки аз ҳисоби кӯмакҳои Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд аз моҳи октябри соли 2023 то моҳи марти соли 2024 ба шуъбаи кишоварзии ин ноҳия 374 ҳазору 999 кило тухмӣ ва нуриҳои минералӣ ворид гардидааст. Ин кӯмакҳоро барои нигоҳдорӣ ба мутахассиси пешбар ва муҳосиби ҳамин шӯъба, Исмоилов Т.С. вобаста кардаанд.
“Дар ин муддат, Исмоилов Т.С. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои фонди кӯмаки хориҷӣ, ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоб рафта, аз тухмиҳо ва нуриҳои минералии вобасташуда миқдори 247297 кг-ро ба хоҷагиҳои тибқи рӯйхат пешбинишуда тақсим намуда, боқимонда 20805 кг тухмиҳо ва нуриҳои менералиро бо арзиши умумии 204 822 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд”, - менависад Агентӣ.
Ин ниҳод бар зидди Исмоилов бо моддаҳои 257 қисми 3 банди “в”, моддаи 314 қисми 1 ва 323-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда, баъди тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.
Моддаи якум ҷарима ба андозаи 1277 то 2190 нишондиҳанда ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
Моддаи дуюм ҷарима ба андозаи аз 300 то 547 нишондиҳанда ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо пешбинӣ мекунад.
Моддаи сеюм ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо пешбинӣ мекунад.