Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ берун аз кишвар 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доштанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. 76 нафар дар Русия ва 4 нафар дар Қазоқистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
Дар ин бора Умед Каримзода, муовини аввали додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии 9-уми август хабар дод.
Ӯ гуфт, дар ин давра аз Тоҷикистон ягон ҷинояткор ё шахси хориҷие, ки дар ҷустуҷӯй буд, боздошт ва ба хориҷи кишвар истирдод нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, соли 2023 Тоҷикистон бо дархости мақомоти прокуратураи дигар кишварҳо 30 нафарро дастгир ва ба он кишварҳо супоридаанд.
Ҳамин тариқ, соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 100 нафар бештар буд.
Дар 6 моҳи соли равон чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо ва Русия расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодашуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста