Дар шаш моҳи соли 2024 аз ҳисоби 84,8 ҳазор қоидавайронкунии роҳу нақлиёт тавассути “Шаҳри бехатар” 16 млн сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Номбурда дар нишасти матбуотии 8-уми август гуфт, тавассути “Шаҳри бехатар” дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ 6 ҳазору 293 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ муайн ва ошкор шудааст.
Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкору пешгирӣ карда мешавад.
Инчунин, ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.
ВКД сари чанд вақт феҳристи ронандагонеро нашр мекунад, ки бештар аз ҳама қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути дастгоҳҳои сабти “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд, аммо ҷаримаҳоро пардохт накардаанд.
Аз ҷумла, бори охир моҳи августи соли гузашта, ин ниҳод исми 12 ронандаро нашр кард, ки аз 10 то 50 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд.
Он замони ВКД гуфт, “вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд”.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.
Ҳадафи он, “таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ дар роҳҳо ба таври шабонарузӣ” мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб карда шуд. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳам дар ояндаи наздик дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” насб карда мешаванд.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста