Як марди 39‑солаи сокини шаҳри Ваҳдат дар заминаи рашк занашро бо корди конселярӣ захмӣ карда, баъд ба хотири озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худашро оташ задааст. Дар ин бора ВКД хабар додааст.
Манбаъ менависад, ки ба шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат зани 37‑солаи сокини шаҳри мазкур бо аризаи шикоятӣ дар хусуси он ки рӯзи 9‑уми август шавҳараш бо сабаби рашк дар пайи муноқишаи оилавӣ тавассути корди конселярӣ узвҳои ҳаётан муҳимашро буридааст, муроҷиат кардааст.
Ба маълумоти ВКД, гумонбаршаванда бо мақсади аз ҷавобгарии чиноятӣ озод шудан “дар зарфи обгирӣ сӯзишвории бензин дастрас намуда, тавассути он берун аз нуқтаи маҳалли аҳолинишин худро оташ задааст”.
Зикр шудааст, ки ҳардуи онҳо дар шӯъбаи эҳёи беморхона бистарӣ шудаанд ва вазъи саломатияшон вазнин мебошад. Алҳол оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бояд гуфт, чунин муносибати хушунатбор дар Тоҷикистон зуд-зуд рух медиҳанд.
Масалан, соли 2022 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд марди 36-сола зан ва фарзандашро ба қатл расонида, пас аз он ҷасадҳоро оташ задааст.
Дар натиҷа нисбати мард тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ (куштор) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дониши бесамар”
Кушта шудани беш аз 10 кас дар пайи таркиши дастгоҳҳои паёмрасон дар Лубнон
Корфармоёну корҷӯён барои як “дидори кӯтоҳмуддат” дар Душанбе гирдиҳам омаданд
“Рейд” дар марказҳои дилхушӣ. 230 нафар дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба милитсия оварда шуданд
Мусофирони дағал ва хароҷоти зиёд. Нигаронии ронандагони таксӣ аз шеваи бархурди муштариён бо онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста