Додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ - то 22-юми ноябри соли равон дароз кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии додгоҳҳои салоҳияти қазоии умумидоштаи шаҳри Маскав хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори додгоҳ, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон:
Лутфуллои Назримад;
Ҷумъахон Қурбонов;
Яъқубҷон Юсуфзода;
Муҳаммад Шарифзода
то 22-юми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ хоҳанд монд.
Ҳамаи онҳо дар содир намудани ҳамлаи террористӣ ё мутобиқи моддаи 205, қ.3, б.”б”-и Кодекси ҷиноятии Русия айбдор мешаванд.
“Додгоҳ дархости мақомоти тафтишотиро қонеъ карда, нисбати Лутфуллои Назримада, Қурбонов Ҷумъахон Бегидҷонович, Юсуфзод Ёқубҷони Давлатхон, Шарифзода Муҳаммадзоир чораи пешгириро дар намуди ҳабс ба муҳлати 3 моҳ ва дар маҷмӯъ то 7 моҳу 22 шабонурӯз, то 22 ноябри соли 2024т тамдид кард”, -омадааст дар қарори додгоҳ.
Сабаби тамдиди муҳлати ҳабси пешакии онҳо шарҳ дода нашудааст.
Маъмулан, муҳлати ҳабси пешакӣ замоне тамдид мешавад, ки тафтишот барои исботи гуноҳи гумонбаршуда, далели кофӣ дар даст надорад.
Бо қарори ҳамин додгоҳ онҳо то 22-юми август бояд дар ҳабси пешакӣ қарор мегирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ин бори дуввум аст, ки додгоҳи Басманнийи Маскав ҳукми онҳоро тамдид мекунад. Рӯзи 17-уми майи соли равон додгоҳ муҳлати ҳабси онҳоро, барои 3 моҳ то 22-юми август дароз карда буд.
16-уми август Додгоҳи Басманнийи Маскав дар як мурофиаи пӯшида муҳлати ҳабси пешакии чаҳор гумонбари аслии ин ҳамлаи террористиро дубора барои 3 моҳ, яъне то 22-юми ноябри соли 2024 тамдид карда буд.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарори додгоҳ Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Шамсиддини Фаридун то 22-уми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ боқӣ мемонанд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста ба ин ҳодиса 18 нафар дар боздошт қарор доранд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони аслии ин ҳодиса, шаҳрвандони Тоҷикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидинро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста