Дар Душанбе бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ аз аввали сол 141 нафар боздошт шудаанд. Аммо ҳамоно аҳолӣ ба хадамоти соҳирону фолбинҳо таваҷҷуҳ доранд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, фаъолияти хешро дар самти мубориза бо падидаҳое мисли фолбинӣ ва ҷодугарӣ тақвият бахшидаанд.
“Новобаста аз талошҳои ба харҷ додашуда, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тоифа одамон то ҳол вуҷуд доранд. Бо ин сабаб, ҷазо нисбат ба фолбинҳо ва ҷодугарон сахттар карда шудааст”, - зикр мегардад дар изҳороти ин ниҳод.
Дар ин ниҳод таъкид мекунанд, ки фолбинӣ тавассути корт яке аз маъмултарин навъҳои фолбиниву ҷодугарӣ мебошад. Танҳо дар моҳи август кормандони милитсияи шаҳрӣ барои ин шеваи фолбинӣ 7 занро боздошт карданд.
Ба ин тартиб, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур Сайёра И.-ро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ боздошт карданд. Тибқи маълумоти РВКД, ӯ манзили худро ба ҷои қабули сокинон табдил дода, ба фолбинӣ тавассути корт машғул шудааст.
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино Равиля А.-ро боздошт карданд, ки байни сокинон бо фолбинӣ тавассути корт маъруф буд. Вай ба қаллобӣ машғул шуда, гӯё ояндаи шаҳрвандонро пешгӯӣ мекард ва барои ин даромади молӣ мегирифт.
Дар ҳамин ноҳия Савзамо Ш. низ бо ҳамин иттиҳом боздошт шуд. Ӯ низ бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ тавассути корт машғул будааст.
Яке аз боздоштшудагони дигар, сокини шаҳри Истаравшан Шаҳло Г., муддате дар Душанбе хона иҷора гирифта, аз ҳисоби фолбинӣ рӯзгорашро пеш мебурд. Ин зан низ гӯё ояндаро пешгӯӣ карда, бо ёрии шириниҳо муносибати байни зану шавҳарҳоро беҳтар мекардааст.
Ин чор нафар боздоштшуда тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии (КҲМ) Тоҷикистон аз ҷониби суд ба андозаи 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробари 72 сомонӣ мебошад), яъне 2 ҳзаору 880 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Пештар низ милитсия дар бораи боздошти се зани сокини Душанбе хабар дода буд, ки дар хонаи худ ба фолбинӣ машғул буданд. Онҳо барои 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шудаанд.
Мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и КҲМ ҶТ аз 21 июни соли ҷорӣ ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи банди нав ворид карда шуд. Мувофиқи ин тағйирот, дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.
Дар Тоҷикистон соли 2008 барои ҷодугарӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шуд, ва аз соли 2015 барои гузаронидани маросимҳои сеҳру ҷоду ҷазои ҷиноятӣ - то 7 сол маҳрумият аз озодӣ ҷорӣ гардид.
Аммо бо вуҷуди ин, мардум то ҳол ба хидматрасониҳои фолбинҳо ва ҷодугарон муроҷиат мекунанд.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста