Модари маҳбуси муассисаи ислоҳии рақами 19-и Волгоград Темур Ҳусейнов (Хусинов), ки ӯро иштирокчии гаравгонгирӣ дар муассиса меномиданд, дар мусоҳиба бо «РИА Новости» изҳор намудааст, ки дар наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ писараш дида намешавад.
"Бидонед, ки писари ман он ҷо нест. Онҳое, ки ин корро карданд - тамоман дигар одамонанд, писари ман он ҷо нест", - гуфтааст модари Ҳусейнов ба хабаргузорӣ.
Амирбек, бародари Ҳусейнов ба Хадамоти узбекии Би-би-си хабар додааст, ки волидони Темур дар Русия зиндагӣ мекунанд ва ба Суровикино рафтаанд, аммо дар муассиса ба онҳо дар бораи писарашон чизе нагуфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, чанде пеш онҳо бо бародараш тариқи телефон суҳбат карданд ва ӯ бо умедвории зиёд озодии моҳи ноябрро интизор буд. Амирбек низ бар ин назар аст, ки бародараш ба пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундгарои исломӣ моил набуд.
"Мо чунин мешуморем, ки ВАО-и Русия дар бораи бародари ман маълумоти дурӯғ паҳн мекунанд. Темур дар ягон видео ё аксҳое, ки дар вақти ҳодиса сабт шудаанд, дида намешавад", - таъкид кардааст ӯ.
Ҳусейнов шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Соли 2019 барои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардид, ба шаш соли зиндон маҳкум шудааст. Моҳи ноябри соли 2018 ӯ ба ду майзадае, ки аз назди ӯ мегузаштанд, эрод гирифт, ки боиси муноқиша шуд. Ҳусейнов ба яке аз онҳо ба рӯяш зарба зада, ӯ дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд. Ҳусейнов дар додгоҳ гуноҳро эътироф накард.
Қаблан, канали Telegram-и Baza хабар дод, ки дар аввал зимни зикри Ҳусейнов ва маҳбуси дигар - Рамзиддин Тошев дар рӯйхати иштирокчиёни ошӯб хатогӣ шудааст.
"Маҳбусон Рамзиддин Тошев ва Темур Ҳусейнов дар гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии 19 дар вилояти Волгоград иштирок накардаанд. Онҳо иштибоҳан ба рӯйхати иштирокчиён ворид карда шуданд. Шахсияти ҳамлагарон пас аз куштори онҳо маълум шуд", - навиштааст канали Baza.
Ба иттилои Baza, ба ғайр аз Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошев (Тошов), ҳамчунин Шоабдулкаримхон (Шобдулкаримхон) Каримов ва Шоҳидҷаҳон Сайфиев (аз ҳарду чун зодаи Тоҷикистон ёд мешавад, аммо мақомот и расмӣ инро тасдиқ ё рад накардаанд) низ дар ҳамла иштирок кардаанд.
Аввалӣ соли 2019 ва дуюмӣ - соли 2022 маҳкум шуда буданд. Ҳар ду парванда ба кӯшиши паҳн кардани маводи мухаддир дар ҳаҷми зиёд дахл доштанд.
Ҳамин тавр, расонаҳову пойгоҳҳои иттилоотии Русия аз ҳамаи иштирокчиёни гаравгонгирӣ чун шаҳрвандони Тоҷикистон ёд мекунанд: Назирҷон Тошев, ки дар камера изҳорот дода буд ва Рустамҷон Наврӯзӣ (баъзе каналҳои Телеграмм тахмин карданд, ки шояд дар либосаш маводи тарканда буд), инчунин Шоабдулкаримхон Каримов ва Шоҳидҷаҳон Сайфиев.
"Роҳбари гаравгонгирҳо” дар муассисаи ислоҳии 19
Маҳз Шоабдулкаримхон Каримови 38-соларо шабакаҳои Телеграмми алоқаманд бо мақомоти қудратӣ ҳамчун "саркарда" ва "роҳбари" гурӯҳи гаравгонгирӣ дар маҳбаси Волгоград ном мебаранд. Тибқи маълумоти парвандаи додгоҳӣ, ӯ барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир маҳкум шуда, бо назардошти чандин шикоят аз болои қарор, бо ҳукм розӣ набуд. Бародараш низ дар ин муассиса адои ҷазо мекард.
Номи ин иштирокчии гаравгонгирӣ тавассути видеоҳои нашршуда ошкор шуд. Онҳо аккаунташро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёфтанд, ки дар он ҳамчун Бобоҷон Каримов муаррифӣ шуда буд.
Каримов муаллифи видеоҳои нашршуда аз муассиса буд. "Mash" муаллифи видеоро "саркардаи ошӯб" ва канали ВЧК-ОГПУ ӯро "роҳбари террористон" номидааст.
Гуфта мешавад, Каримов шиносномаашро дар Душанбе гирифтааст, ки онро дар саҳифаи "ВКонтакте" ҳамчун зодгоҳи худ нишон дода буд. "Агентство" менависад, ки аз соли 2017 ӯ дар Москва зиндагӣ мекард: шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Орехово-Борисовои Ҷанубӣ ӯро ҳамчун шахс аз дигар шаҳр ба қайд гирифтааст.
Бар асоси маълумоти парванда дар сомонаи додгоҳи ноҳияи Тракторозаводски Волгоград, Каримов моҳи апрели соли 2019 маҳкум шудааст. Ӯ ва боз панҷ нафар дигар барои тайёрӣ ба истеҳсол ё фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми зиёд дар ҳайати гурӯҳ маҳкум шудаанд. Шоабдулкаримхон Каримов ва дигар нафарони парвандаро ба фурӯши героин муттаҳам карданд ва ӯ то охир гуноҳро ба гардан нагирифта буд.
Мӯҳлати ҳабси Каримов аз парванда номаълум аст. Дар моддаи ба ӯ дахлдор аз 10 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Ҳамроҳи Шоабдулкаримхон Каримов эҳтимолан бародараш Фаррухҷон низ маҳкум шудааст, ки соли 2020 низ дар ин зиндони вилояти Волгоград буд.
Оё гаравгонҳо низ кушта шуданд?
Гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии-19 23 август рух дод. Маҳбусон ба кормандони маҳбас ҳамла карда, 12 нафарро гаравгон гирифтанд. Гаравгонгирҳо худро ба "Давлати исломӣ" мансуб медонистанд.
Аввалин маротиба номҳои чор ҳамлагарон - Темур Ҳусейнов (Хусинов), Рамзиддин Тошев (шаҳрвандони Ӯзбекистон), Назирҷон Тошев ва Рустамҷон Наврӯзӣ (зодагони Тоҷикистон) - бо истинод ба ҳукмҳои додгоҳӣ аз ҷониби ТАСС зикр шуд.
Ҳамаи ҳамлагарон ҳангоми амалиёти кормандони сохторҳои қудратӣ кушта шуданд. Илова бар ин, хабар дода шуд, ки чор корманди ин ниҳод низ ҳалок шуда, боз ҳашт нафар (чор корманди муассиса ва ҳамин теъдод маҳбусон) ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои "Агентство", дар байни маҳбусон низ қурбониён буданд. Наворҳо нишон медиҳанд, ки дар вақти ҳуҷуми қатъӣ ба ҷуз ҳамлагарон, боз чор нафар дар либоси мулкӣ (эҳтимол дигар маҳбусон, ки дар байни гаравгонҳо буданд) кушта шудаанд. Расман ин маълумот тасдиқ нашудааст.
Дар видеои канали ТГ-и Владислав Поздняков ҳафт ҷасад дар майдоне дида мешавад, ки аз он ҷо иштирокчиёни гаравгонгирӣ видео сабт карда буданд. Се ҷасад алоҳида хобидаанд. Ду нафари онҳо либосҳое доштанд, ки дар тани иштирокчиёни ҳамла буданд. Чор ҷасади дигар дар назди девори бино бо дастони баста хобидаанд. Тибқи шарҳи Поздняков, ин маҳбусоне буданд, ки дар байни гаравгонҳо қарор доштанд.
Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН)-и Русия расман дар бораи марги маҳбусон дар байни гаравгонҳо хабар надодааст. Танҳо зикр шуда буд, ки чор маҳбус осеб дидаанд.
Телефони Раҳимзода ба Колоколтсев
Дар ҳамин ҳол, рӯзи сар задани ҳодиса, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев занг зад ва доир ба вазъи рухдода сӯҳбат намуд.
Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт, ки "ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои пайдо ва дастгир кардани дигар аъзоёни ташкилоти террористие, ки ҷинояти мазкурро содир кардааст, ҳамкорӣ мекунанд".
Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз даст доштан ё надоштани зодагони Тоҷикистон дар ин ҳодиса чизе нагуфтааст. Ҳамин тавр, бо гузашти чанд рӯз аз ҳодиса, то ҳол маълум нест, ки дар ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доштанд ё не.