Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар додгоҳҳои вилояти Суғд 110 парванда вобаста ба терроризму экстремизм нисбати 130 нафар баррасӣ гардидааст.

Тоҷиддин Ҳафиззода, муовини якуми раиси Додгоҳи вилояти Суғд гуфт, шумораи парвандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад ва теъдоди маҳкумшудагон 22 нафар бештар аст.

Ин ҳама парвандаҳо бо моддаҳои 307, 179, 187 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва баррасӣ гардидааст.

“Тибқи омор, ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд,  Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Ҳафиззода.

Ҳамин тавр, дар

Хуҷанд - 40 нафар;

Исфара - 24 нафар;

Истаравшан - 23 нафар;

Паҷакент – 17 нафар;

Бобоҷон Ғафуров - 9 нафар дар робита ба терроризму экстремизм равонаи зиндон шудаанд.

Дар дигар шаҳру навоҳии вилоляти Суғд теъдоди чунин парвандаҳо камтар будааст. Аз 18 шаҳру навоҳии шимоли кишвар дар ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон ягон ҷинояти вобаста ба терроризм ва экстремизм ба қайд гирифта нашудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.