Додгоҳи Таганскии шаҳри Маскав дар бораи ҳабси 2 корманди Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово қарор содир намуд. Дар ин бора дар шабакаи Telegram-и додгоҳҳои салоҳияти умумии пойтахти Русия сухан меравад.

Додгоҳ онҳоро ба муҳлати 2 моҳ - то 3 ноябр ба ҳабс гирифт. Боз як зани корманди Марказ ба ҳамин муҳлат ба ҳабси хонагӣ фиристода шуд. Дар бораи ба гуноҳашон иқрор будани иштирокчиёни парванда хабар дода намешавад.

1/2

Ба тафтиши парванда Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия машғул аст. Тибқи фарзияи тафтишот, Абдулгапиз Мустапаев, Рудик Текнеҷян ва Олга Адакина дар Сахарово ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо ба муҳоҷирон машғул шуда, барои ҳалли масъалаи ҳарчи зудтар фиристодани хориҷиён ба хонаҳояшон аз онҳо пул талаб мекардаанд.

Ин хидматрасонӣ 30 ҳазор рубл нарх доштааст. Ғайр аз ин, онҳо ба ивази 5 ҳазор имкони дидору вохӯриро ваъда мекардаанд.

Чанде пеш зимни кофтуков дар хона ва ҷойҳои кории иштирокчиёни парванда ашёву ҳуҷҷатҳое мусодира шудаанд, ба даст доштани онҳо дар ҷиноят ишора мекунанд. Ояндаи наздик ҳамчунин даст доштани онҳо дар ҷинятҳои ба ин монанд низ санҷида мешавад.

Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав чанде пеш хабар дод, ки иштирокчиёни парванда аллакай ба гирифтани на камтар аз 80 ҳазор рубл аз шаҳрвандони хориҷӣ фурсат ёфтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.