Шомурод Мирзоев, сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ боздошт шудааст. Ӯ ба гирифтани 600 ҳазор сомонӣ пора аз аҳолӣ гумонбар аст.
Тибқи иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, Шомурод Мирзоев қаблан низ 5 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрвандон маблағ гирифтааст.
Ӯ дар асоси муроҷиати сокинони ноҳия дастгир шудааст.
"Гумонбаршуда (Шомурод Мирзоев дар назар аст,-муаллиф) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф кардаву айни ҳол дар 26 -ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар донист шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидааш,600 333 (шашсад ҳазору се саду сиву се) сомониро ташкил медиҳад", хабар медиҳад милитсияи Хатлон.

Тафтишот нишон додааст, ки Шомурод Мирзоев пештар дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будан низ бо ҳамин роҳ аз мардум маблағ гирифтааст.
Вале маълум нест, ки чӣ гуна ӯ бо доғи судӣ боз ба як аз мансабҳои баландатрин дар ноҳия таъин шудааст.
Мақомоти тафтишотӣ аз шаҳрвандоне, ки қурбони амалҳои қаллобии номбурда шудаанд, хоҳиш кардаанд, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.
Ҳоло Шомурод Мирзоев боздошт шуда ва алайҳаш аз рӯи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ гардидааст. Ин моддаи қонунгузорӣ вобаста ба бандҳояш аз ҷарима то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки ҳолати бо заминфурӯшӣ боздошт кардани масъулин ва ҳатто роҳбарони Кумитаи идораи замини нав набуда, қаблан борҳо аз ҷарима ва ҳабси онҳо хабар расонаӣ шуда буд.
Бори охир зимни нишасти матбуотии моҳи июл Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии аз мансабдороне ном бурд, ки даст ба заминфурӯшӣ задаанд ва иддао кард, ки аксари онҳо аз вазифа барканор шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи идораи замини вилояти Суғд дар пайи афзудани шикоятҳо нисбат ба амалкарди масъулини ин ниҳод ва ошкор шудани қонунвайронкуниҳои замин чанд раису муовинони кумита дар шаҳру ноҳияҳоро аз мақом барканор карда буд.





Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста