Дар шаҳри Конибодом пулис як духтари 19-соларо бо гумони тамаъҷӯӣ пулис боздошт кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохии кишвар хабар дода, навиштааст, ки боздоштшуда акси урёни як мард аз Хуҷандро ҳангоми суҳбат дар “Ватсап” скрин карда, бо таҳдиди паҳн кардани он аз ӯ ду маротиба (як бор 1000 сомонӣ ва бори дуюм 300 сомонӣ) маблағ гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавонзан моҳи августи дар Хуҷанд ҳангоми харидории телефон бо фурӯшандаи он шинос мешавад.
Ин ниҳод менависад, рӯзи 14-уми ҳамин моҳ гумонбаршуда тариқи “Ватсап” бо ин мард суҳбат карда, аз ӯ хостааст, ки либосашро кашида, баданашро ба ҷавонзан нишон диҳад.
Тибқи иттилои ВКД, ҳангоми анҷоми ин кор боздоштшуда бадани урёни сокини Хуҷандро тариқи скриншот акс мегирад ва бо таҳдиди паҳн кардани он аз ӯ 1000 сомонӣ меситонад. Пас аз як рӯз ҷавонзан бори дигар ба ҷабрдида занг зада, бо роҳи иръоб (шантаж) аз ӯ 300 сомонии дигар мегирад.
Мақомот бар зидди ин ҷавонзан бо гумони тамаъҷӯӣ (моддаи 250 қисми 1 кодекси ҷиноятӣ) парванда боз кардааст. Ин банди қонун аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва наздикону пайвандонаш дар робита ба ин ҳодиса дастрас нест.
Қазияи тамаъҷӯи аз ҷониби занон дар Тоҷикистон кам расонаӣ мешавад. Вале мақомот қаблан чандин маротиба мардонеро боздошт ва равонаи зиндон карда буданд, ки бо таҳдиди паҳн кардани наворҳои маҳрамона аз занон маблағ талаб карда буданд.
Чанде пеш низ як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳаб боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста