Ду бинои баландошёнаи навсохт дар Душанбе бо амри Дотситонии кишвар тахриб мешаванд. Дар ин бора пулиси Душанбе дирӯз, 13-уми октябр хабар дода, гуфтааст, ки ин биноҳо дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо бунёд шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, соҳиби ин ду бинои навбунёд Азизмуҳаммадзода Ҷамшед сокини 38-солаи Душанбе аст.
Пулис иддаъо кардааст, ки ӯ ғайриқонунӣ аз ин ду бинои худ ба 16 нафар хона фурӯхтааст. Назари худи Ҷамшед ва наздикону пайвандонаш ба ин қазия дастрас нест.
Мақомот низ шарҳи бештаре надодаанд ва маълум нест, ки соҳиби ин ду бино чӣ гуна дар маркази пойтахт бо санадҳои сохта баландошёна бунёд кардааст ва чаро то ин вақт касе ҳуҷҷатҳои онро тафтиш накардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста