Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи дуюми амалиёти “Нелегал-2024” (Муҳоҷири ғайриқонунӣ) зиёда аз 2 ҳазор муҳоҷир аз Русия хориҷ мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.

“Мақомоти додгоҳ аз рӯи натиҷаҳои баррасии маводи маъмурӣ зиёда аз 2 ҳазор таъинот дар бораи ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ ба берун аз ҳудуди Русия, 20 қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ қабул шуда, 12 нафар ихроҷ шуданд”, - гуфта мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар дақиқан зикр намешавад, ки шаҳрвандони кадом кишварҳо ихроҷ мешаванд.

Ҳамагӣ дар доираи ин чорабинӣ кормандони Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав зиёда аз 13 ҳазор қонуншиканиҳоро дар соҳаи муҳоҷират ошкор карданд. Дар натиҷа зиёда з 10 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои вуруду хуруҷ ва будубош дар қаламрави Русия, ҳудуди 1,5 ҳазор нафар - барои риоя накардани қоидаҳои будубош ва зиёда аз 600 нафар - барои вайрон кардани тартиби анҷоми фаъолияти корӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Дар Раёсати ВКД-и пойтахти Русия аз рӯи моддаҳои Кодекси ҷиноятии Русия барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 420 парвандаи ҷинятӣ оғоз гардидааст.

Марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал-2024” таҳти сарпарастии Созмони Аҳдномаи амниятидастаҷамъӣ (СААД) моҳи июни соли 2024 ба итмом расид. 30 сентябри соли 2024 марҳилаи дуюми амалиёт оғоз ёфта, он то 6 октябри соли 2024 идома меёбад.

Дар доираи амалиёт оид ба ошкор намудани далелҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ риоя нашудани тартиб ва муҳлати будубош дар қаламрави Русия, анҷоми фаъолияти корӣ, инчунин гузаштан аз расмиёти ҳатмии давлатӣ чорабиниҳо сурат гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳодисаҳои санҷишҳои зиёду фишор болои муҳоҷирони тоҷик мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон Умед Бобозода ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат намуда, изҳори нигаронӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.