Дар ноҳияи Варзоб як ҷавони 26-сола ба оташзании автомашинаи падараш гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора дар гузориши видеоии ВКД “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад.
Дар гузориш гуфта мешавад, сокини Чорбоғ ба милитсия муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки шахси номаълуме мошини ӯ - тамғаи Toyota Camry-ро дар ҳавлии хонааш оташ задааст.
Дар ҷарааёни чорабиниҳои фаврӣ гумонбари ин амал боздошт мешавад, ки писари ӯ, Сорбон Гулови 26-сола, сокини Леваканти вилояти Хатлон будааст.
“Сабаби оташзанӣ норозигии писар будааст, зеро падараш ба ваъдаи харидани мошин ба ӯ вафо накарда, бо оташзании мошин писараш аз ӯ қасос гирифтан мехостааст”, - зикр мешавад дар гузориш.
Тавре ки дар ВКД зикр мекунанд, ҳарчанд автомашина аз оташ пурра насӯхта бошад ҳам, зарари расида 11,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Нисбати Гулов мутобиқи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ (“Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк бо роҳи оташ задан”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста