Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сокинонро огоҳ кард, ки сӯзонидани партову барги дарахтон қатъиян манъ аст ва барои ин кор муҷозот пешбинӣ гардидааст.
Абдуқаҳҳор Қаюмов, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гуфт, ки сӯзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва майдону боғҳои Суғд дар мавсими хазонрез қатъин манъ аст. “Барои онҳое, ки дар ҷойҳои манъшуда партов ё барги дарахтонро месӯзонанд, мувофиқи талаботи моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ муҷозот пешбинӣ шудааст”, - гуфт Абдуқаҳҳор Қаюмов.
Бояд гуфт, мувофиқи ин моддаи кодекс барои риоя накардани талаботи муҳофизати атмосфера ҳангоми сӯхтани партовҳо шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се нишондиҳанда, (аз 72 то 216 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда, (2160 то 2880 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда (аз 7200 сомонӣ то 14400 сомонӣ) ҷарима карда мешаванд.
Абдуқаҳҳор Қаюмов зикр кард, ки дар вилояти Суғд давоми 9 моҳи соли 2024 6 ҳазору 500 қонуншиканӣ вобаста ба партов, ҳифзи муҳит, ғайриқонунӣ буридани дарахтон, доштани моҳӣ ва шикор ошкор гардидааст. Дар натиҷа 1 ҳазору 147 ҳолати қонуншиканӣ барои расонидани зарар ба табиат муайян шуда, 374 ҳазору 206 сомонӣ ҷубронӣ зарар пардохт гардидааст. Аксари ин қонуншиниҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ашт ва шаҳрҳои Конибодому Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.
Қаблан Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ дода буд, ки давоми 8 моҳи соли 2024 дар вилояти Суғд 578 нафарро барои ифлос кардани ҳаво дар маҷмуъ, 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Аксари онҳо соҳибони ошхонаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ буданд, ки бевосита ба ҳаво партов хориҷ мекарданд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста