Даврон Ҷабборов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз муассисаи ислоҳии Липетски Русия фирор карда буд, дар ҳудуди деҳаи Улусарки ноҳияи Задонски вилояти Липетск боздошт шудааст. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.
Хабари фирори 6 маҳбус аз муассисаи ислоҳӣ дар Липетск субҳи 26 октябр расонаӣ гардид. Панҷ нафари онҳо зодагони Ӯзбекистон ва якеашон шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Ин афрод бо иттиҳоми таҷовуз ба номус, қочоқи маводи мухаддир ва ғорат зиндонӣ шуда будаанд.
Шабакаҳои Телеграми Mash ва Shot, пойгоҳҳои наздик ба мақомоти Русия, бидуни эълони натиҷаи санҷиши пешакии мақомот, хабар доданд, ки ташаббускори фирор шояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Даврон Ҷабборови 27-сола соли 2022 бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва ғорат ба 6 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи июли соли гузашта аз Серпухов ба муассисаи ислоҳии Липетск интиқол ёфта будааст.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Лента.ру” гуфтааст, фирори зиндониён рӯзи 25 октябр ошкор шуда, ҳангоми азназаргузаронии қаламрав нозирон ҷойи кофтаро дида, ҳозиру ғойиб будани маҳбусонро санҷидаанд ва маълум шудааст, ки 6 нафар нестанд.
Ним сол нақби 65-метра кандаанд
Ба иттилои манбаъ, маҳбусон беш аз шаш моҳ нақшаи фирорро тарҳрезӣ карда, нақб кандаанд, ки дарозии умумии он тақрибан 65 метр аст. Ин нақб аз минтақаи саноатии муассиса оғоз шуда, дар он ҷо маҳбусон бо коркарди чӯб машғул буданд. Барои пинҳон доштани даромадгоҳи нақб онҳо онро бо тахтаҳо ва хасу хошок пӯшонда, хоки кандаро ба ҳар ҷо мепошидаанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо барои он ба гурехтан даст задаанд, ки ҷазои худро беҳад сахт медонистаанд.
Дар Раёсати минтақавии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН) хабар додаанд, ки дар муассиса тафтиши хидматӣ гузаронида шуда, омилҳои фирор таҳқиқ мешаванд. Муфаттишон ба он таваҷҷуҳ доранд, ки кӣ ба маҳбусон бел барои кофтан додаасту чаро онҳо дар дурбинҳо наафтодаанд ва хоки заминро куҷо мебурдаанд.
Ба гуфтаи манбаи “Лента.ру”дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи ислоҳии 2-юми Липетск соли 1962 сохта шуда, раҳбарияти ФСИН ҳолати онро хуб арзёбӣ мекарданд. Дар он минтақаи саноатии калон ҳаст, ки маҳбусон маснуоти оҳаниву бетонӣ истеҳсол карда, ба коркарди металл ва дӯзандагӣ машғул буданд.
Мехостанд то ватан расанд
Айни замон аз 6 нафари фироркарда 5 нафарашон боздошт шудаанд. Се тан аз онҳоро дар вилояти Липетск ва ду нафарро - дар вилояти Тамбов боздошт намуда, ҷустуҷӯи як нафари дигар идома дорад.
Пас аз гурехтан маҳбусон тақсим шуда, либосҳои варзишӣ ба бар кардаанд.
Намояндаи расмии ВКД Ирина Волк дар бораи нақшаҳои фирориён маълумот додааст. Ӯ зикр кардааст, ки ду тан аз фирориён ният доштаанд, ки то вилояти Маскав ва боз се нафарашон - то сарҳад бо Қазоқистон расанд. Онҳо мехостаанд сарҳадро убур карда, ба Ӯзбекистон раванд.
Якез аз маҳбусон муқовимат нишон дода, аз ӯ корд мусодира шудааст. Муқобили ӯ аз силоҳ истифода шуда, айни замон ӯ бо захм аз силоҳи оташфишон дар бемористон қарор дорад. Боз дар бораи захмӣ шудани кадоме аз боздоштшудагон хабар дода намешавад.
Маҳбусони фирориро чӣ интизор аст?
Ҳуқуқшинос Оскар Черҷиев ба MSK1.RU дар ин робита изҳор намудааст, ки тибқи қонунгузории Русия (моддаи 315 Кодекси ҷиноии ФР), онҳо метавонад ба муҳлати 5 соли зиндон ҷазо гирифта, ин муҳлат ба ҷазои пешинаи онҳо илова мешавад.
Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, ба маҳбусони фирорӣ нахуст чораи пешгирӣ татбиқ шуда, онҳо метавонанд дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) нигаҳдорӣ шаванд.
“Сипас додгоҳ ҷазо ва шароити адои онро таъин карда, баъдан онҳо ба дигар муассиса гузаронида мешаванд. Агар ба онҳо шароити дигар таъин шавад, онҳо ба дигар муассиса интиқол меёбанд. Агар шароити нигаҳдорӣ иваз нашавад, бо назардошти ба фирор майл доштани онҳо, метавонанд ба дигар муассиса гузаронида шаванд. Ин масъаларо аллакай Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН) ҳал мекунад”, - гуфтааст Черҷиев.