Додситони вилояти Суғд хостори назорати қатъӣ ва доимии хонандагон шуда, дастур додааст, ки омӯзгорону волидайни донишомӯзонро аз тамошои филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ боздоранд. Дар робита ба назорати хонандагон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам нигаронӣ карда, ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд.
Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд рӯзи 28-уми октябр дар ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолон, имомхатибон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, ва раисони ҷамоатҳои деҳот мулоқот анҷом додааст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, додситон хостори “назорати қатъӣ ва доимӣ”-и донишандӯзии хонандагон шудааст.
Инчунин, ӯ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аз фаъолони ҷомеа ва ходимони дин хостааст, ки дар ин маврид “бо аҳолӣ бештар кор кунанд”.

Ғайр аз ин, таъмини ҷавонон бо ҷойи доимии корӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, танзими ҷашну маросим, қонуншиканӣ дар самти замин, пешгирии хурофотпарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавзӯи ин мулоқот будааст.
Фурқат Хоҷазода бо таваҷҷӯҳ ба таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва риояву иҷрои талаботи қонунҳо гуфтааст, ки “баҳри пешгирии ҷинояткорӣ бояд шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Ин дастури додситони вилояти Суғд дар ҳолест, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар масоили болозикрро дар чанд суханронӣ ва мулоқотҳои ахираш мавриди интиқоди шадид қарор дода, ба масъулин супоришҳои махсус дода буд.
Аз ҷумла, раисҷумҳури кишвар дар суханронии худ дар “Рӯзи дониш” ба дарс ҳозир нашудани хонандагон ва омӯзгоронро ба чолиш кашида ва онро яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва ҳалталаби соҳаи маориф гуфта буд.
Ӯ ҳамчунин, аз сохторҳои қудратии кишвар хоста буд, ки бедалел ба фаъолияти мактабу омӯзгор дахолат накунанд.
Дирӯз, 29-уқми октябр дар як мулоқоти дигар Эмомалӣ Раҳмон аз тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон ба мактаб бори дигар нигаронӣ карда, гуфт, “гарчанде дар суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид карда будам, ки тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор дода шавад, лекин то ҳанӯз ин камбудиҳо ҷой доранд”.
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста