Мақомоти Тоҷикистон се шаҳрванди Покистонро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро фиреб дода, ду килограм сиккаи қалбакиро ҳамчун сиккаҳи тиллоӣ гуфта, дар умум бо маблағи 34 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт аз онҳо Абдуллоҳ Муҳаммад, Исмаил Муҳаммад ва Ясин Муҳаммад ном бурда, гуфтааст, ки “барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва бе расмиёти гумрукӣ ба хориҷи кишвар интиқол додани асъори долари амрикоӣ дастгир карда шуданд”.
Мақомоти гуфтаанд, ки шаҳрвандони Покистон мехостаанд маблағи бадастомадаро ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд, вале онҳо дар сарҳад дастгир шудаанд.
Айни ҳол бар зидди боздоштшудаҳо бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 КҶ), кочоқи мол аз сарҳад (моддаи 289 КҶ) ва тайёрӣ ба ҷиноят (моддаи 32 қисми 3 КҶ) парванда боз кардаанд.
Бар асоси ин бандҳои қонун, вобаста ба бандубасти он, ҷарима ё то 10 соли зиндон мушаххас шудааст.
Назари худи боздоштшудаҳо маълум нест.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста