Тамкини Меҳробиддин, як паноҳандаи афғонистонӣ, ки бо нашри як навор аз шавҳараш шикоят карда буд, бо далели нақзи муқаррароти паноҳандагӣ, рафтуомад ба кишвараш ва зиндагии ғайриқонунӣ дар Душанбе аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудааст.
Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон ихроҷи номбурдаро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард ва гуфт, ин зан дар Тоҷикистон санади паноҳандагӣ ва раводид дошт, вале бо вуҷуди ин ба Афғонистон рафта меомад, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.
“Ғайр аз ин, номбурда ҳамроҳи шавҳараш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, ҳол он ки, тибқи қарори шаҳрдории Душанбе паноҳандагон ҳақ надоранд, ки дар пойтахт будубош кунанд. Ба ин далоил аз Тоҷикистон ихроҷ шуд”, - шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.
Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Мақомоти Тоҷикистон ин қазияро расман шарҳ намедиҳанд.
Худи Тамкини Меҳробиддин рӯзи 31-уми декабри 2024 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “рӯзи 17-уми декабр мақомот бе шарҳи зиёд ӯ, хоҳар ва бародарашро аз хонаашон дар шаҳри Ваҳдат гирифта, ба гузаргоҳи Панҷ бурданд ва ба Афғонистон пеш карданд”.
Бояд гуфт, ки 19-уми ноябри соли 2024 Тамкини Меҳробиддин бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи “марди бегона” шиканҷа шуданаш шикоят карда, аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш карда буд, ки ба қазияаш расидагӣ кунад.
Рӯзи 20-уми ноябр Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки ӯ, на аз сӯи марди бегона, балки аз ҷониби шавҳараш “фишори равонӣ” дидааст.
Ҳамон вақт Тамкини Меҳробиддин бо нашри як баёнот аз шавҳараш узрхоҳӣ карда, гуфта буд, ки минбаъд “итоат ва фармонбардӣ мекунам”.
Баъдан Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам ба қазияи Тамкини Меҳробиддин таваҷҷӯҳ карда, ҳатто сафир Зоҳири Ағбар бо ин оила гуфтугӯ намуда буд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон даҳҳо шаҳрванди Афғонистонро ки дар Тоҷикистон ҳамчун паноҳанда буданд, бо далоили риоя накардани қоидаҳои будубоши кишвар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ карда буданд.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста