Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд меорад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд?
Дар ин мавод талош мекунем, ки онҳоро муфассал баррасӣ намоем.
Муҳлати будубош бе раводид кам мешавад
Аз 1 январи соли 2025 муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ бидуни раводид дар Русия кам мешавад.
Барои ба Русия ворид шудани шаҳрванди Тоҷикистон раводид (виза) лозим нест, лекин ин маънои онро надорад, ки чӣ қадаре, ки мехоҳӣ, он ҷо бимонӣ. Бе раводид дар он ҷо метавонед танҳо дар муддати 90 шабонарӯз ( се моҳ) ҳузур дошта бошед. Лекин қаблан метавонистед дар зарфи ним сол 90 шабонарӯз (се моҳ) ҳузур дошта бошед. Акнун дар зарфи як сол.
Муҳимаш ба хатогӣ роҳ надодан аст: ин ҷо на дар бораи 90 рӯзи пай дар пай, балки дар бораи танҳо 90 рӯз дар давоми як сол сухан меравад. Ин муҳлат бо хориҷ шудану дубора ворид гардидан бекор намешавад.
Мисол: фарз мекунем, ки Манучеҳр рӯзи 1 феврал ба Русия омада, як моҳро он ҷо гузаронид ва сипас ба хонаашон - ба Тоҷикистон баргашт. Акнун ӯ 60 рӯзи дигар дорад, яъне боз 60 рӯзи дигарро дар давоми сол бе раводид дар Русия гузронида метавонад.
Баъдан ӯ боз ба Русия омада, моҳҳои сентябру октябрро дар он ҷо гузаронид. Акнун ӯро лозим аст, ки ба Тоҷикистон баргардад, зеро шумори рӯзҳое, ки ӯ метавонад бе раводид ҳузур дошта бошад, ба охир расиданд. Акнун ба Русия (бидуни патент, Ҳуҷҷати иҷозаи иқомат (ВНЖ) ё дигар ҳуҷҷатҳо) ӯ танҳо дур сурати гузаштани як сол аз санаи вуруди аввал омада метавонад. Дар ин мисол вуруди аввал - 1 феврал аст.
Агар шуморо лозим бошад, ки муддати зиёдтаре ҳузур дошта бошед? Донишҷӯ шудан лозим аст, гирифтани патент ва иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) зарур мебошад.
Маълумоти муфассалро дар ин бора мо дар маводи зерин пешниҳод карда будем.
Тартиби ихроҷи муҳоҷирон ҷорӣ мешавад
Ин тартиб аз 5 феврали соли 2025 мавриди амал қарор мегирад. Ин чӣ маъно дорад?
Агар мақоми муҳоҷир ғайриқонунӣ бошаду дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳузур дошта бошад, ӯ ба рӯйхати таҳти назорат дохил мешавад.
Агар ному насаби шахс дар ин рӯйхат бошад, пас ӯро лозим аст, ки фавран ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқии худ машғул шавад ё қаламрави кишварро тарк кунад. То замоне, ки ӯ ин корро намекунад, нисбаташ тартиби ихроҷ амал мекунад. Ин маънои онро дорад, ки шахс наметавонад як қатор амалҳоро анҷом диҳад, аз ҷумла:
- мошин ё хона харад;
- мошинро идора кунад;
- берун аз ҳудуди субъект (қаламрав, минтақа) равад (ба истиснои ҳолатҳои гузаштан аз сарҳад);
- ақди никоҳ бандад;
- суратҳисоби бонкӣ кушояд.
Чунин нороҳатиҳоро махсус пеш меоранд, то ки шахс ҳарчи зудтар мушкили мақоми ғайриқонунии худро ҳал кунад. Барои дарёфти маълумооти муфассал дар ин бора ба пайванди мазкур гузаред.
Зимни вуруд ба Русия супурдани изи ангуштон лозим аст
На дар ҳама ҷо. Ҳоло бештар ҳангоми бо ҳавопаймо ба Маскав омадан. Изи ангуштон (дактилоскопоия) танҳо дар ҳолатҳое гирифта мешавад, ки агар шумо бо мақсади кор омада бошеду муддати тӯлонӣ, зиёда аз 90 рӯз дар ин ҷо мондан мехоҳед. Ҳамчунин зимни ворид шудан шуморо сурат мегиранд.
Айни замон гирифтани изи ангуштон ва суратгирӣ зимни вуруд мавриди озмоиш қарор дорад. Лекин минбаъд ният доранд, ки ин расмиётро дар тамоми қаламрави Русия ҷорӣ созанд.
Баъди изи ангуштонро супурдан ва суратгирии муҳоҷир, ин маълумот дар шакли электронӣ дар пойгоҳи ВКД маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Бар асоси он барои муҳоҷирон профили рақамӣ таҳия мешавад, ки ба гунаи шиносномаи электронӣ аст ва дар он ҳамаи маълумоти ӯ сабт мешаванд: ному насаб (ФИО), мансубияти шаҳрвандӣ, шахс кай ворид шуд, оё патент дорад ё не ва ғайра.
Маълумоти муфассал дар ин хусус дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст
Маҳдудиятҳои боз ҳам бештар зимни қабул ба кор
Кор барои муҳоҷиронро аллакай дар 22 минтақаи Русия маҳдуд карданд. Акнун ин маҳдудиятҳо то вилояти Маскав ҳам расиданд (дар худи Маскав ҳоло маҳдудиятҳо нестанд).
Дар вилояти Маскав аз 1 январи соли 2025 манъи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кор бо патент дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, фароғат, тиҷорати машрубот ва тамоку, инчунин кор дар нуқтаҳои хӯроки сайёр (ғайристатсионарӣ) ҷорӣ мегардад.
Муфассал дар ин бора мо дар маводи зерин хабар дода будем.
Санҷиши шиноснома дар сарҳад пурзӯртар мешавад
Дар қонунгузории муҳоҷирати Русия дар масъалаи гузаштан аз сарҳади давлатӣ низ тағйирот сурат гирифтанд. Аз 5 феврали соли 2025 ба сарҳадбонон барои рад кардани ворид шудан асосҳои бештар пайдо мешаванд.
Масалан, агар эҳтимоле бошад, ки ӯ метавонад ба амнияти Русия хатар эҷод кунад, шаҳрванди хориҷиро бозмедоранд. Дар ҳамин ҳол, кормандон дар худи ҳамон ҷой (маҳал) бидуни муроҷиат ба дигар сохтор метавонанд чунин тасмим бигиранд.
Чӣ гуна метавон бовар ҳосил кард, ки вуруди шуморо ба Русия иҷоза медиҳанд?
Вазорати меҳнати Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон боисрор даъват мекунад, ки пеш аз сафар барои кор ба Русия аз санҷиши надоштани манъи вуруд ба Русия гузаранд. Аз санҷиш дар намояндагии Хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Русия, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121 (дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии (ҶТ) гузаштан мумкин аст.
Ба саволҳои иловагиатон дар Маркази захираҳо барои муҳоҷирон ҷавоб дарёфт карда метавонед.
Дар сомонаи онҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ маълуомти зиёд мавҷуд аст. Ҳамчунин бо онҳо шумо метавонед рӯзҳои корӣ то соати 17:00 бо рақами телефонҳои мазкур муроҷиат кунед: +992 118 119 810 ва +992 118 119 820.