Милитсияи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мардро бо гумони иръоб ё "шантаж" боздошт кардаанд. Ӯ сокини 44-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, як марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитаменро ҳамчун “ҳамёни зинда” истифода бурдааст.
Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбар Баҳром Саъдуллоев ном бурдааст.
Дар гузориш зикр мешавад, ки ӯ дар шабакаи “Инстаграм” бо номи занона саҳифа кушода, баъди як марди 28- сола шинос шудан, “аз вай талаб мекунад, ки барои исботи вафодорию дӯстдорияш аксҳояи бараҳнаашро ирсол кунад”.
“Баъди ба даст овардани аксҳо ба тамаъҷуйӣ бо роҳи иръоб (шантаж) пардохта, аз ҳамсуҳбати худ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ маблағ талаб мекунад”, - омадааст дар гузориш.
Ҳамчунин, Баҳром Саъдуллоев ҷабрдидаро таҳдид кардааст, ки агар пул надиҳад, аксҳои бараҳнаашро дар Интернет паҳн ва оилаашро вайрон мекунад.
Ба иттилои манбаъ, охири моҳи ноябр ҷабрдида ба корти бонкии гумонбар 1700 сомонӣ гузаронидааст.
Баъди муроҷиати ҷабрдида кормандони милитсияи ноҳияи Спитамент Баҳром Саъдуллоевро боздошт карда, ҳоло бар зидди ӯ барои тамаъҷуйӣ ё моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ин банди қонунгшузорӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳолати “шантаж” бо истифода интернет дар Суғд ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чанд нафар барои ин кирдор боздошт шуда буданд.
Аз ҷумла, ВКД моҳи декабри соли гузашта аз боздошти як сокини 18-сола бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ хабар дода буд. Ӯ аз як ҷавони 26-сола барои паҳни акси маҳрамонааш пул талаб карда буд.
Гузориш: 79%-и об дар Осиёи Марказӣ барои обёрӣ сарф мешавад
Хишти аввал. Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс” 29-солагии худро таҷлил мекунад
“Умед доштем, ки ақаллан ягон сол кам мекунанд”. Додгоҳи кассатсионӣ ҳукми “чеҳраҳои сиёсӣ”-ро бетағйир гузошт
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста