Гурӯҳи “Толибон”*, ки ҳоло амалан дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунанд, ду узви гурӯҳи худро бо гумони интиқоли беш аз 880 кг маводи мухаддир ба Тоҷикистон боздошт кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон бо такя ба манбаъҳои худ аз вилояти Тахори Афғонистон хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки боздоштшудаҳо қасд доштаанд маводи мухаддирро тариқи нуқтаи марзии ноҳияи Янги-Қалъа ва вилояти Хатлон (ноҳияи Ҳамадонӣ, - идора) ба Тоҷикистон баранд.
Гуфта мешавад, ин ду тан кормандони мудирияти мубориза бо маводи мухаддири гурӯҳи “Толибон” буда, дар Янги-Қалъаи Афғонистон дастгир ва ба маркази вилояти Тахор бурда шудаанд.
Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ва номи боздоштшудаҳо маълум нест. “Толибон” то ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд.
Рӯзномаи “8-и субҳ” бо такя ба манбаъҳояш гуфтааст, аз 883 кг маводи мухаддире, 100 кг марихуана (чарс), 50 кг афюн (тарёк) ва 683 кг ҳероин будааст. Маълум нест, ки 50 кг дигар чӣ навъ маводи мухаддир будааст. Аз онҳо ҳамчунин як мошини навъи “Land Cruiser” мусодира шудааст.
Ин расона навиштааст, ки бо вуҷуди он ки “Толибон” иддао мекунанд дар Таххор бо интиқоли маводи мухаддир мубориза мебаранд, вале то кунун ноҳияи Янги-Қалъа яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, “Толибон” пас аз дигарбора ба сари қудрат баргаштан дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 борҳо иддаъо карданд, ки пас аз ҳокимиятро ба даст гирифтанашон кишт ва интиқоли маводи мухаддир кам шудааст. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин гуфтаҳо бовар надорад ва баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикисон борҳо аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон пас аз ҷилави қудратро ба даст гирифтани Толибон дар ин кишвар нигаронӣ кардаанд.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе аз афзоиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гуруҳи “Толибон” ҳарф задааст.
Ӯ дар нишасти мазкур гуфтааст, ки мақомоти қудратии кишвар танҳо соли 2022 дар марз бо Афғонистон ҳудуди панҷ тонна маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 22% зиёд будааст.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти Оҷонсии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон тақрибан 3,1 тонна маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда мусодира шудааст, ки ин 619 кг (25%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 будааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста