Додгоҳи вилояти Хатлон як зодаи ноҳияи Ҷайҳунро барои одамкушӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар солҳои 90-ум 15 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ аз ин мард Саймуддин Холов, сокини шаҳри Душанбе ном бурд, ки солҳои 1996-1997 дар собиқ ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) “бо мақсади кушотру ғорати амволи шаҳрвандон” гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ таъсис дода, онро роҳбарӣ кардааст.
Ба гуфтаи Варқа Зайниддин ин гуруҳи ҷиноӣ дар куштори кормандони милитсия ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷайҳун даст доранд.
“Саймуддин Холов бо ҳамроҳии ду увзи дастааш Ёрмаҳмад Хушбахтов ва Одил Сафаров рӯзи 10-уми апрели соли 1996 нозири минтақавии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Саъди Пиров ва корманди комисариати ҳарбии ноҳия Уктам Хоҷаевро ба қатл расонидаанд. Инчунин, сокинони ҳамин ноҳия Маҳмуд Салоҳиддинов ва Абдуҷалил Бердишукуров низ аз тарафи ҳамин гуруҳ кушта шудаанд”, - гуфт ёрдамчии додситонӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи мусалаҳ ҳамчунин, ба хонаи Абдуғафор Қурбонов, истиқоматкунандаи колхози ба номи Раҳмонови ноҳияи Ҷайҳун ҳамла карда ӯро ба қатл мерасонанд ва маблағҳои зиёдашро аз худ мекунанд.
Манбаъи мо гуфт, дар ҳайати гурӯҳи таъсисдодаи Саймуддин Холов, ҳамчунин, Ёрмаҳмад Хушбахтов, Одилҷон Маҳмадов, Маҳмадюнус Хушбахтов, Абдуғафор Кенҷаев, Одил Сафаров ва дигарон шомил буданд.
Ҳамин тариқ, Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи ноябри соли гузашта Саймуддин Холовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон-одамкушӣ (моддаҳои 104) ва ташкили гурӯҳи ҷиноятӣ (моддаи 156 дар таҳрири соли 1961) гунаҳгор дониста, ӯро 15 сол дар колонаи низомаш пурзӯр аз озоди маҳрум кард.
Ёрдамчии додситонии вилоят нагуфт, ки ӯ чӣ гуна дастгир шуд. Назари худи Саймуддин Холов, наздикон ва вакили дифоаш маълум нест.
Варқа Зайниддин гуфт, чор узви ин гуруҳ, аз ҷумла Ёрмаҳмад Хушбахтов, Одилҷон Маҳмадов, Абдуғафор Кенҷаев, Одил Сафаров қаблан дастгир ва аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Манбаъ нагуфт, ки онҳо кай ва чандсолӣ маҳкум шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.
Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командир) аст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.
Баъдан, Додгоҳи вилояти Хатлон Юсуф Солеҳов (Ҷӯрабек), муҳофизи Хӯҷа-Командирро барои куштори беш аз 20 узви як оила 15 сол равонаи зиндон карда буд.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста