Нуҳ гумонбар дар тарконидани мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб аз панҷ сол то ҳабси абад маҳкум шудаанд. Ягона зан дар ин парванда Холисамо Раҳимова 5 сол равонаи зиндон шуд, вале бинобар кӯдаки хурдсол доштан, дар озодӣ қарор дорад.
Радиои Озодӣ аз қавли Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб навишт, ки Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова дар пайванд ба Ҳамла ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб, ки моҳи январи соли гузашта рух дода буд, дар курсии айбдорӣ нишаста, нисбаташон ҳукм содир шуд.
Манбаъ мушаххас нагуфтааст, ки кадоме аз инҳо чанд солӣ ҳукм гирифтан ва киҳо ба ҳукми абад равонаи зиндон шуданд.
Ҳамчунин, маълум нест, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод кай эълон шудааст.
Дар ҳамин ҳол назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.
Ин парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 январи соли равон дар деҳаи Тӯдакафш мошини хидматии Салим Сайвализода дар назди хонааш таркида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд.
Моҳи феврал вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба рӯзноманигорон хабар дод, ки аз рӯи ин парванда гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале бинобар сабаби сирри тафтишот аз шумораи муайян ном набурд. Ӯ танҳо илова кард, ки муфаттишони ВКД ва КДАМ ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Баъдтар маълум шуд, ки ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб будаанд.
Қаблан, Ҳамзаалӣ Музофирзода зимни нишасти матбуотии гуфта буд, “ҳамаи онҳо (гумонбарон-аз идора) ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд. Роҳбари гурӯҳ Бахтиёр Маҷидзода. Зан ҳамсараш аст, ки парчами “Давлати исломӣ”-ро дӯхта, бо дигар аъзои гурӯҳ ҳамкорӣ мекард. Нисбати ӯ бо моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст”.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста