Дар Тоҷикистон нашъамандӣ миёни сокинон коҳиш ёфтааст аммо ҷинояти матбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зиёд шудааст.
Дар ин бора Самад Зафар, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матуботӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 ҳазору 14 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023 (4160 нафар) 146 нафар ё 3,5% камтар аст.
Аз ин теъдод 110 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар кишвар ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 40,1 нашъаманд рост меояд. Таъкид карда шуд, ки дар доираи татбиқи стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2021-2030 сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст ва тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ шумораи шахсони сабтшуда дар марказҳои дармонӣ нисбат ба соли гузашта 146 нафар кам шудааст.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти ин ниҳод дар соли 2024 дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023 140 ҳолат ё 20% бештар мебошад.
Зафар Самад гуфт, ин 3,8% аз шумораи умумии ҷиноятҳоро ташкил медиҳад.
Ҳамагӣ дар соли 2024 дар кишвар 22 314 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта (21 319 ҷиноят) 995 ҳолат зиёдтар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста