Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфт, 21 корманди “Амонатбонк”, яке аз бонкҳои асосии давлатӣ дар пайи ошкор шудани 53,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ аз кор ронда шудаанд.
Ҷамшед Каримзода, раиси тозатаъини ин ниҳод дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ дар КВД Бонки амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва сохторҳои он беш аз 53,1 миллион сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор карда шудааст.
Ба гуфта ӯ, дар асоси хулоса ва тавсияҳои пешниҳодкардаи Палатаи ҳисоб масъулони бонк 21 кормандро аз вазифа барканор кардаанд, ки бештарашон сармуҳосиб будаанд.

Раиси Палатаи ҳисоб имрӯз, 12-уми феврал дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт аз 53,1 млн сомонӣ зиёни молиявии ошкоршуда
- беш аз 36 млн сомонӣ талафоти пулию молӣ;
- 7,6 млн сомонӣ хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ;
- 5,9 млн сомонӣ маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо;
- 624,11 ҳазор сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ;
- беш аз 537 ҳазор сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ
будааст.
“Аз ин маблағ қариб 11 миллион сомонӣ ба буҷет ва 42,1 миллион сомонӣ ба бонк барқарор карда шудааст. Дар асоси санҷишҳои аудиторӣ Палатаи ҳисоб ба худи ниҳоду корхонаҳо хулоса ва тавсия пешниҳод мекунад, қарорҳои дахлдорро худи ниҳоду корхона мегирад”,-гуфт Ҷамшед Каримзода.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати ошкор кардани зиёни молиявӣ дар Бонки давлатии амонтагузории “Амонатбонк” ва сохторҳои он набуда қаблан низ маблағҳои ҳангуфт дар ин бонк ошкор гардида буд. Палатаи ҳисоб зимни санҷишҳои аудиторӣ дар соли 2019 дар ин бонк ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор карда буд.
Қарахон Чиллазода, раиси онвақтаи Палатаи ҳисоб изҳор намуда буд, ки дар “Амонатбонк” асосан қонуншиканиҳои дуздӣ ва азхудкунии воситаҳои давлатӣ ошкор гардида буд.
Ӯ ба гунаи мисол, филиали бонк дар ноҳияи Панҷро мисол оварда гуфта буд, ки воситаҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда барои хизматгузориҳои коммуналӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллион сомонӣ азхуд шудааст.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста