Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 665 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда (соли 203 - 555 ҷинят) ва 3194 ҷинояти аз ҷониби ҷавонон содиргардида (соли 2023 - 3020 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, нисбати волидоне, ки уҳдадориҳои худро оид ба таълиму тарбияи кӯдакон иҷро накардаанд ва нисбати шахсони мансабдори муассисаҳои таълимӣ 28 ҳазору 236 парванда дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ (соли 2023 - 13991 парванда) тартиб дода шудааст.
Зикр шуд, ки ҳамаи парвандаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои маъмурӣ ба додгоҳҳои шаҳру навозии ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.
Ҳамчунин вазир хабар дод, ки дар робита ба риоя нашудани қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо 1228 далел (соли 2023 - 533 далел) ба қайд гирифта шудааст, ки вобаста ба ин далелҳо парвандаҳои маъмурӣ оғоз шудаанд.
Бино ба маълумоти вазир, соли 2024 дар натиҷаи 1233 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт (соли 2023 - 1111 ҳодиса) 552 нафар (соли 2023 - 519 нафар) ҳалок ва боз 1353 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1775 ҳодисаҳои сӯхтор (соли 2023 - 1269 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 нафар (соли 2023 - 23 нафар), аз ҷумла 11 нафар ноболиғон ҳалок шудаанд. Маблағи зиён аз онҳо 43 млн 822 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста