Пулис 4 мардро дар Душанбе боздошт кардааст, ки ба қавли мақомот, онҳо худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинон бо роҳи шатаж пул гирифтаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе имрӯз, 27-уми март бо нашри як иттилоия аз онҳо С.С., Р.С., С.У. ва Ю.А. ном бурда, гуфт, ҳамаашон сокинони пойтахтанд.
“Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ гурӯҳи ҷиноятиро созмон дода, худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо далелҳои сохта шаҳрвандонро дастгир ва барои паҳн насохтани маълумотҳои беобрукунанда аз онҳо маблағҳои гуногуни пулӣ талаб карда гирифтаанд”, - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Мақомот мегӯнд, то кунан 3 далели тамаъҷӯии боздоштшудаҳо ошкор шудаааст. Ҳамчунин, ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардаас, ки агар аз ин мардҳо ҷабр дида бошанд, метавонанд тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат кунанд.
Маълум нест, ки худи онҳо дар ин робита чӣ назар доранд.
Аз РВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, бар зидди онҳо бо гумони тамаъҷӯӣ (моддаи 250 КҶ) парванда оғоз шудааст.
Ин банди қонунгузорӣ аз 5 то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ёдрас мешавем, ки мақомот чанд рӯз пеш ҳам се ҷавонро, ки гуфта мешуд, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтаанд, дастгир карда буданд. Ба гуфтаи пулис, онҳо бо роҳи зӯроварӣ аз як шаҳрванд 9 ҳазор сомонӣ ва аз нафари дигар 2 ҳазору 300 сомонӣ гирифта, онҳоро латукӯб кардаанд.
Назари худи онҳо ё пайвандонашон маълум набуд.
Пулия гуфта буд, ки алайҳи ин се нафар бо иттиҳоми “ғоратгарӣ” (моддаи 248 КҶ) парванда оғоз гардидааст. Вале дигар иттилоъе нашр нашуд, ки ин қазия то куҷо расидааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста