Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи як корманди ниҳоди зертобеъи Хадамоти алоқа барои дуздии беш аз 100 ҳазор сомонӣ пули обуна парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод рӯзи 3-юми апрел дар ин бора хабар дода, аз гумонбар Каримова Н.Р. ном бурдаааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин зан дар вазифаи директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор фаъолият мекард.
Мақомот мегӯянд, ӯ 365 ҳазору 178 сомонӣ пули обунаи соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор барои солҳои 2024-2025-ро ҷамъ оварда, аз он 103 ҳазору 406 сомонияшро дуздидааст.
Маълум нест, ки гумонбаршуда боздошт шудааст, ё не. Ҳамчунин, назари худи ӯ дар робита ба ин қазия дастрас нестю.
Оҷонсии зиддифасод гуфтааст, ки алайҳи Каримова бо иттиҳоми "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ" (моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ) парвандаи боз гардида,барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Бар асоси ин иттиҳом ба гумонбаршуда ҷарима ё аз 6 то 10 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.
Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста