Боздошти Абдусалом Тухтасунзода, раиси пешини шаҳри Конибодомро ҳамсараш тасдиқ, аммо ба бегуноҳии шавҳараш таъкид кард.
Абдусалом Тухтасунзода аз соли 2020 то 2024 раиси шаҳри Конибодом буд ва моҳи январи соли гузашта бо далели ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа сабукдӯш шуд.
Бори аввал, авоили ҳамин моҳ Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои тафтишотӣ навишт, ки Абдусалом Тухтасунзода боздошт шудааст. Ин расона навишт, ки раиси пешини шаҳри Конибодом дар Ӯзбекистон дастгир ва сипас ба Тоҷикистон оварда шудааст.
“Як манбаи огоҳ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “ӯро феълан дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Хуҷанд нигоҳ медоранд", - хабар дод ин расона.
Ҳамсари Тухтасунзода рӯзи 14-уми апрел ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “аз рӯзе, ки шавҳарамро боздоштанд, ману фарзандонам дар роҳи мақомот мондаем”.
Ӯ аз суҳбати муфассал худдорӣ кард ва танҳо гуфт: “Шавҳари ман ба ин хел корҳо даст заданашон мумкин нест. Ин корҳоро душманонашон ташкил ва расонаӣ карданд”.
Вале мушаххас нагуфт, ки манзури ӯ чист ва Абдусалом Тухтасунзода ба чӣ муттаҳам мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар матлаби хеш аз қавли манобеаш менависад, ки “раиси собиқи шаҳри Конибодом ба ришвагирӣ ва қаллобӣ гумонзад аст”.
Ҳамсари Тухтасунзода нахост дар ин бора бо хабарнигори “Азия-Плюс” суҳбат кунад. Маълум нест, ки раиси пешини шаҳри Конибодом вакили дифоъ дорад ё не.
Ҳамчунин, ба иттилои Озодӣ, Сӯҳроб Умарзода – муовини пешини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ва Усмон Ҳайдар – мудири собиқи амволи ҳукумати Конибодом низ дастгир шудаанд. Раиси пешини идораи амвол ба қаллобӣ муттаҳам аст. Айбномаи корманди корҳои дохилӣ феълан дақиқ нест.
Манобеи ин расона гуфтанд, боздошти ин афрод баъди ба Конибодом расидани як комиссияи вижа барои таҳқиқи кушторҳои пайиҳам дар охири соли гузашта матраҳ шудааст.
“Аъзои кумисюн сохтмони чанд хонаро дар заминҳои обӣ пайдо карда, инро ба Душанбе гузориш додаанд. Аз онҷо дастур шудааст, ки кори мақомоти Конибодом пурра санҷида шавад, чун онҳо ҳодисаҳои кушторро ҷиддӣ таҳқиқ накардаанд”, - афзудааст яке аз манбаъҳои ин расона
Бояд гуфт, кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом қариб тамоми соли 2024 ҷомеаро дар таҳлука қарор дод. Аз моҳи марти соли 2024 то охири ин сол дар ин шаҳр 23 аъзои 7 оила кушта шуд. Баъди ин, Конибодом дар сархати расонаҳо қарор қарор гирифт.
Ба ин шаҳр кормандони зиёди мақомоти амниятиву тафтишотӣ рафтанд ва ниҳоят, 21-уми декабри соли 2024, пас аз 9 моҳ аз оғози кушторҳои пурасрор Додситонии кул бо нашри як изҳорот хабар дод, ки чаҳор нафар боздошт ва нисбаташон парванда боз шудааст. Баъди ин зоҳиран дар ин шаҳр кушторҳои оилаҳо расонаӣ нашудааст.
Аммо баъди ин ҳаводис Абдусалом Тухтасунзода аз вазифаи раиси шаҳр озод шуд. Ӯ 50 сол дорад ва 11-уми ноябри соли 2020 аввал ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом ва баъди чанд моҳ раиси ин шаҳр таъкин гардида буд.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста