Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 15-уми апрел дар баробари чанд лоиҳаи қонуни дигар, тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро имзо кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҷаримаи зиёд ва ё аз 3 то 10 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

“Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст”, - навиштааст Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ин қонун баъди нашр дар расонаҳои ҳукуматӣ мавриди амал қарор мегирад.

Пешниҳоди ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он”, ки дар маҷлиси ҳукумати кишвар дар охири моҳи март садо дод, муқаррар карда шуд.

Қаблан, рӯзи 11-уми апрел вакилони Маҷлиси миллии Тоҷикистон, палати болоии парлумон дар иҷлоисия якуми худ ин тарҳи ҷазоро тасвиб карда буданд. Иҷлосия бе ҳузури рӯзноманигорони мустақил гузашт ва маълум нест, ки ин тарҳ дар байни вакилони баҳс шуд ё не.
Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Тоҷикистон
prezident.tj

Аз ин пештар, рӯзи 2-юми апрел вакилони Маҷлиси намояндагон, палати поёнии парлумон тарҳи ҷазоро барои истифодаи ғайриқонунии барқро ба тасвиб раоснида буданд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар зимни муррифии ин тарҳ дар назди вакилони палати поёнии парлумон ҳолатҳои собит шудани истифодаи ғайриқонунии барқро таъйид карда, гуфт, ки “бархеҳо бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи нерӯи барқ нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Дар натиҷа ба манфиатҳои иқтисодии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонанд”.

 

Барои дуздии барқ чӣ ҷазо пешбинӣ шуд?

Тибқи лоиҳа ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятӣ иловаи 1 изофа гардид, ки барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад:

- мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур, “барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он... инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ (агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз 27 ҳазору 375 то 41 ҳазору 25 сомонӣ ҷарима (аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ё то 3 соли зиндон татбиқ карда мешавад;

- дар асоси қисми 2-м моддаи мазкур агар кирдори қисми 1-ум ин модда “ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад” шахс аз 60 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва ё аз 3 то 6 сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

- кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ё 2 ҳамин модда “агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд” аз 6 то 10 соли зиндон пешбинӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад, Дар ҳамин ҳол, мақомот аз напардохтани пули барқ аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо нигаронӣ карда, ҳатто гоҳо набудани барқро ба пардохт нашудани ҳаққи истифодаи он нисбат медиҳанд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 1-уми апрели соли 2025 таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он боло рафт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.