Дирӯз, 22-юми апрел, дар пайи як тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҳир Баротзода, сардори ҳамакнун собиқи Раёсати кофтукови ҷиноятии Тоҷикистон баъди 10 моҳи фаъолият дар ин ниҳод аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Бахтиёр Назарзода роҳбари ин ниҳод таъин гардид.
Тоҳир Баротзодаи 47-сола ба ҷои Мансур Бухоризода ба курсии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД такя зад. Бухоризода ба чӣ мансаб таъин шудааст, маълум нест.
Бахтиёр Назарзода, ки 6 соли охир ба ҳайси сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД фаъолият мекард, генерал-майори милистя буда, 54 сола аст.
Аз тарҷумаи ҳолаш, ки сомонаи ВКД нашр кардааст, бармеояд, ки ӯ аз соли 1998 дар сохтори корҳои дохилӣ фаъолият дошта, дар самти кофтукови ҷиноятӣ таҷриба дорад. Соҳиби маълумоти олии ҳуқуқӣ буда, Академияи ВКД Тоҷикистонро хатм кардааст.
Бахтиёр Назарзода фаъолияти хидматиашро ба ҳайси ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оғоз намуда, дар солҳои гуногун дар вазифаҳои ташхисгари шуъбачаи ташхисии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии шуъбаи кушодани ҷиноятҳои ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, ваколатдори оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои солҳои пешини РВКД дар шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи 6-уми шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои РВКД дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Ӯ як муддат ҳамчун сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор карда, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб ҳам будааст.
Баъди ин, ба дастгоҳи ВКД баргашта, ҳамчуни ваколатдори калони оперативии шуъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кор мекунад.
Дар ин миён, ба Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баргашта, сардори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор мекунад ва баъди чанде дубора ҳамчун сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар шаҳри Душанбе бармегардад.
Назарзода як муддат сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара буд.
Ӯ то таъин шудан ба ҳайси роҳбари Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, ҳамчун муовини сардори раёсате, ки акнун роҳбарӣ мекунад, кор кардааст.
Вай моҳи октябри соли 2019 сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД таъин шуд ва аз дирӯз сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Тоҷикистон аст.
Ба иттилои ВКД, Назарзода “барои хизматҳои содиқонаю софдилона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ бо як қатор мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ, аз ҷумла, соли 2012 бо медали “Ҷасорат” мукофотонида шудааст.
Бояд гуфт, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД яке аз ниҳодҳои калидӣ ва муҳим дар сохтори ВКД ба ҳисоб меравад. Солҳои пеш фаъолияти ин раёсат ҳамеша зери парда буд, аммо бо таъини Шоҳрух Саидзода, ки ин ниҳодро 7 сол роҳбарӣ кард ва яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад, фаъолияти он дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештар инъикос мегардид. Ҳоло ӯ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста