Пулиси вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд боздошт кардааст.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дод, ки “ин зан сокини ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, талош кардааст духтари 4-солаи худро фурӯшад”.
“Зани 27-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М.З. (дар барнома ному насаби зан пурра оварда шудааст, аммо “Азия-Плюс” бо риояи меъёри ахлоқӣ аз ӯ ном намебарад) санаи 29-уми апрел духтарчаашро ба “харидори шартӣ” бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд фурӯшад. Зан ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда аз ҷониби милитсияи шаҳри Хуҷанд боздошт шуд”, - зикр мешавад дар барнома.
Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт фарзанди дуюм аз оилаи дуюми зан будааст.
Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд нашр кард, зани муттаҳам иқрор мешавад, ки “хато будани корашро намедонист ва касе ҳам ӯро огоҳ ва аз роҳаш бознадоштааст”.
Аммо дар чӣ шароит сабт шудани навори иқрори зан ва назари пайвандони ӯ ба ҳодиса маълум нест.
Айни ҳол алайҳи ин зан бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҷинояти хариду фурӯши ноболиғ дар Суғд бори аввал нест. Аз ҷумла, 21-уми октябри соли 2024 милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кудакфурушӣ боздошт карда буд.
Дар моҳи сентябри соли 2024 як сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт низ барои талоши фурӯши кӯдаки худ боздошт шуд. Мақомот он замон гуфт, ки ин зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ фурӯшад ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби милитсияи Ашт боздошт гардид.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста