Додгоҳи вилояти Хатлон як корманди бахши молияшро барои “азхудкунӣ ва исрофкории маблағҳои буҷетӣ” гунаҳгор ҳисобида, ӯро ҷарима кардааст.
Дар ин ниҳод ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Музафар Алимардонов, мутахасиси бахши молии Додгоҳи вилояти Хатлон зимни фаъолияти кориаш беш аз 305 ҳазор сомонӣ пули буҷетро азхуд кардааст.
“Давоми соли 2020-2021 Музафар Алимардонов бо роҳи сохтакорӣ дар 46 ҳолат ба номи 11 нафар ҳуҷҷат тартиб дода 48 ҳазору 346 сомонӣ музди меҳнати кормандонро аз худ кардааст. Ҳамчунин маоши кормандони додгоҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро нодуруст ҳисоб карда дар маҷмуъ ба буҷаи кишвар 305 ҳазору 428 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст”,- гуфтанд дар додгоҳ.
Дар ҳоле, ки назари Музафар Алимардонов нисбати ин қазия маълум нест, додгоҳ бо иттиҳоми “азхудкунӣ ё исрофкорӣ" ва "сохтакории хидматӣ” (модаи 245 қисми 4 ва моддаи 323 КҶ) гунаҳкор ҳисобида, ӯро ба андозаи 138 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.
Тасарруф ё азонихудкунии маблағҳзоли буҷетӣ яке аз мушкилиҳои Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ, додгоҳҳо ва заминсозӣ бо ин ҷурм дастгир ва ҳабс мешаванд.
Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста