Як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои қочоқи 31 кг маводи мухаддири навъи “ҳашиш” 13 сол равонаи зиндон шудааст.

Хабаргузории “Ховар” аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз ин мард Мустафо Сайфуллозодаи 31-сола, зодаи шаҳри Кӯлоб ва сокини маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ном бурдааст.

“Дар рафти чорабиниҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки Мустафо Сайфуллозода тибқи маслиҳати пешакӣ бо шарики ҷиноятии худ шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳоҷӣ, тахминан 45 сола, бар ивази маблағи калони пулӣ ин миқдор маводи мухадирро аз махфигоҳ дастрас намуда, онро тавассути нақлиёти сабукрави шахсиаш тамғаи “Тойота Корола”, рақами қайди давлатиаш 00-10 РU 01 TJ ба шаҳри Душанбе интиқол додааст. Дар шаҳри Душанбе ӯ маводи мухаддирро дар махфигоҳи ҳудуди заминҳои киштзори маҳаллаи Ҷӯйбодом пинҳон намудааст”, - гуфта мешавад дар хабар.

Манбаъ навиштааст, ки ӯро кормандони мақомоти амнияти миллӣ дастгир карда, барои муомилоти ғайриқонии маводи мухаддир ё моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Мустафо Сайфуллозода бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст

Мақомот мегӯяд, барои муайяну дарёфт кардани шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҳоҷӣ тафтишот идома доранд.

Маълум нест, ки ӯ кай ва таҳти чӣ шароите дастгир шудааст. Ҳамчунин, назари худи мард, пайвандон ва вакили дифои ӯ ба ин иттиҳом ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар ду ҳафтаи охир ин дастикам бори сеюм аст, ки мақомот аз боздошти гурӯҳҳои нашъалоб ва қочоқи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон хабар медиҳанд.

Ҳафтаи пеш сарҳадбонони тоҷик дар марз бо Афғонистон бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро кушта буданд. Он замон мақоқмот гуфтанд, як гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи афғонистонӣ  бо беш аз 70 кг маводи мухаддир ва силоҳу тир аз ноҳияи Ҳамадонӣ мехостанд вориди Тоҷикистон шаванд.

Ҳамчунин, рӯзи 2-юми июл КДАМ аз як талоши дигари интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда, гуфта буд, ки аз як гуруҳи муташаккили фаромиллии ҷиноятӣ 58 килограмму 475 грам маводи мухаддирро мусодира намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.

Инчунин соли гузашта дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 140 ҳолат ё 20% афзудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.