Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни як амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз кӯшиши интиқоли маводи нашъовар аз тарафи як гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ пешигрӣ кардааст. Онҳо мехостаанд 70 кг маводи мухаддирро ба як кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.

Ба иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ, Назаров Амрулло Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1977, зода ва сокини деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисор, Мусоев Маҳмадулло Фозилович, соли таваллудаш 1971, зода ва сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ибодуллоев Сӯҳроб Муллобекович, соли таваллудаш 1986, зода ва сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ки ҳарсе қаблан суд шудаанд, боздошт гардидаанд.

“Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки боздоштшудаҳо ҳангоми дар маҳбас қарор доштанашон бо шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя Раҳимов Бахтиёр (бо лақаби “Баха Чимкентский”), тахминан 40-45 сола, оид ба дастрас ва интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар созиши ҷиноятӣ баста буданд”, - менависад манбаъ.

Ба иттилои ин ниҳод, ин се нафар боздоштшуда нақша доштаанд дар умум 70 кг маводи мухаддирро дар ду марҳила аз қочоқчиёни Афғонистон гирифта, тавассути ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ба Раҳимов Бахтиёр дар кишвари ҳамсоя расонанд.

Аммо ин нақшаи онҳоро кормандони оперативии КДАМ ошкор карда, ҳар серо боздошт кардаанд.

Хулосаи шуъбаи ташхисӣ-криминалистии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадор маводи нашъадори мусодирашударо 60 киллограм “ҳашиш” ва 10 киллограм “афюн” ва дар умум, 70 килограм муайян кардааст.

Нисбати боздоштшудагон моддаҳои 32 қисми 3-200 қисми 4, банди “д”, 32 қисми  3-289 қисми 3 ва 200 қисми 4, бандҳои “а” ва “д”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.