Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи чанд корманди Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар ноҳияи Мастчоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Онҳо ба гирифтани 177 ҳазор сомонӣ пора аз чанд сокини ноҳия гумонбар мешаванд.
Ин ниҳод аз ду нафари онҳо, Нурматов Ҷ.Р, сардори шуъбачаи тафтишотӣ ва Бадавлатзода Р.Ҳ, муфаттиши шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ном бурдааст.
Оҷонсӣ гуфтааст, аз ҷумла, Нурматов Ҷ.Р. ҳамроҳ бо Бадавлатзода Р.Ҳ. моҳи марти соли ҷорӣ барои боз накардани парвандаи ҷиноӣ аз як шаҳрванд 40 ҳазор сомонӣ пора гирифтанд.
Ба ҷуз ин, ба гуфтаи манбаъ, Нурматов “бо ҳамин роҳу усул дар се ҳолати дигар ба воситаи дигар кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ” аз шаҳрвандон барои ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи баррасии маводҳои санҷишӣ дар умум 137 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ба қавли Оҷонсии зиддифасод, гумонбарон ҳамаи ин пулро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.
Ин ниҳод номи гумонбарони дигар ва чанд кас будани онҳоро мушаххас нагуфтааст. Ҳамчунин, маълум нест, ки ин нафарон дар боздоштанд ё дар озодӣ қарор доранд.
Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, алайҳи Нурматов Ҷ.Р. ва дигарон бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319 қисми 3 КҶ) ва сӯистифода аз мансаб (моддаи 314 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Танҳо иттиҳоми якум аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд. Сокинон аз он ки корашон дар идораҳои давлатӣ бештар вақт бо пора ҳал мешавад борҳо нигаронӣ мекунанд.
Чанде пеш Оҷонсии зиддифасоди кишвар рӯйхати фасодзадатарин ниҳодҳоро номбар кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар ин руйхат дар ҷои панҷум аст.
Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони шаффофияти байнулмилалӣ (Transparency International) дар соли 2024 бо 19 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 164-умро ишғол кард.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста