Мақомоти амниятии вилояти Суғд чанд нафарро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла метамфетамин ё кристал, як маводи сархушкунанда ва ивазкунандаи маводи мухаддир боздошт кардаанд, ки дар байни онҳо як хонандаи мактаби миёна ҳам будааст.
Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд дар як гузориш, ки дар телевизиони маҳаллии “Диёр” нашр шуд, аз ин наврас М. И., сокини ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ном бурда гуфтааст, ки ӯ хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои ноҳия мебошад.
“Ҳангоми дастгир кардани М. И. аз манзили истиқоматии ӯ 504,9 грамм кристал, ки маводи сархушкунанда ва ивазкунандаи маводи мухаддир ҳисоб меравад, дарёфт ва мусодира карда шудааст” – гуфта мешавад дар барнома.
Тавре манбаъ менависад, тафишот ошкор кардааст, ки 504,9 грам маводи дарёфтшуда ба амаки наврас Исроилҷон Махкамов, бо тахаллуси “Қорӣ” тааллуқ дошта, дар ин ҷиноят хонандаи мактаб нақши дастраскунандаи маводи нашъадорро бозидааст.
Дар гузориш омадааст, ки Қурбонов Наимҷон навъҳои гуногуни маводи сархушкунандаро аз Махкамов Исроилҷон ва Болтубаев Насимҷон дастрас мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми дастгир кардани Қурбонов Наимҷон аз ҷайбаш ва каҳдони хонааш 58 адад капсулаҳои сархушкунанда, 17,4 грамм кристал, 212 метамфетамин, 6,8 грам афён дарёфту мусодира гардидааст, ки ин номгуйро аз Махкамов Исроилҷон дастрас кардааст.
Айни замон нисбати ноболиғ М. И. барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ё тибқи моддаи 347, нисбати се нафар аъзоёни дигари гурӯҳ, Маҳкамов Исроилҷон, Қурбонов Наимҷон ва Болтубаев Насимҷон барои момилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши чашмраси маводҳои сархушкунанда, мисли метамфетамин нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ин навъи маводи мухаддир бештар дар байни наврасону ҷавонон паҳн шудааст.
Аз ҷумла, Самад Зафар, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли равон гуфт, соли гузашта миқдори маводи психотропии мусодирашуда тақрибан ду баробар ва маводи мухаддири синтетикӣ зиёда аз се баробар афзоиш ёфтааст.
Ӯ афзуда буд, ки аксари ин ва дигар намудҳои маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бештар байни ҷавонон паҳн мегарданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста