Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ хабар дод, ки бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Ин ниҳод ӯ Содиқ Одинаеви 32-сола ном бурда, гуфтааст, ки ҳангоми роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ "Ҷамол-Басир" буданаш, “беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо, маблағҳои калони пулияшонро азхуд кардааст”.
"Гумонбаршаванда як манзили истиқоматиро ба 3 то 7 нафар ба фурӯш гузошта, дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст", - навиштааст РВКД пойтахт.
Ба қавли ин ниҳод, ҳаҷми зарари расондаи ӯ ба шаҳрвандон наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳоле ки назари гумонзад ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест, алайҳаш бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 қисми 4 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати исботи ин иттиҳом, ба ӯ аз ҷарима то 12 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.
Сокинони пойтахт аз ширкатҳои сохтмонӣ шикоят мекунанд, ки бар хилофи шартномаҳо хонаҳояшонро сари вақт намесозанд ва ё як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, ки боиси сарсониву саргардонии онҳо мешавад. Аз ҷумла, чанд пеш муштариёни ширкати "Салмон-иншоот" дар шаҳри Душанбе норозигӣ карданд, ки ширкат як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.
Мақомот ҳам ин мушкилроо тасдиқ мекунанд ва чанд нафарро бо чунин иттиҳом дастгир ва ҳатто зиндонӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли равон ВКД аз боздошти директори як ширкати сохтмонии “Сохтмон Палас” хабар дод, ки ду хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста