Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30-юми август фармон дар бораи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ба артишро имзо кард. Бар асоси он ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1998-2007) дар ин мавсим ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то 30-уми ноябр давом мекунад.

Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад, онҳое, ки хидмати ҳарбиро тамом карданд, дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба хона рухсат дода мешаванд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ вазифадор шудаанд, ки даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи телевизион ва радиоро муваззаф кардааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври густурда инъикос карда, хидмати ҳарбиро “ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тарғиб намоянд.

Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар кунанд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд. Мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд ва ғайра пешниҳод менамоянд.

Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ё пеш аз муҳлат ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд. Ҳарчанд чандин сол пеш то охири мавсим, ҳатто бо гузашти мавсим нақшаро иҷро мекарданд.

Аз ҷумла, дар мавсими баҳории даъват ба хидматӣ ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март оғоз шуд, мақоқмот дар як моҳ, рӯзи 1-уми май аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ хабар доданд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Арзиши он ҳоло 56 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад.

Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.