Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти “Истгоҳ” дар се рӯз беш аз 300 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима бастааст. Ин амалиёт бо мақсади бартараф кардани таваққуфҳои нодуруст ва тамбашавии мошинҳо дар пойтахт ҷараён дорад.
Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ин ронандаҳо бар асоси моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ), ки як нишондиҳанда (75 сомонӣ) ҷаримаро пешбинӣ мекунад, ҷазо гирифта, мошинҳояшон ба ҷаримагоҳи муваққатӣ барои 3-7 рӯз бурда шудаанд.
Бояд гуфт, ки амалиёти “Истгоҳ” дар шаҳри Душанебе аз рӯзи 1-уми сентябр оғоз шуда буд. Маълум нест, ки он то кай идома мекунад.
Пулиси пойтахт имрӯз, 4-уми сентябр, дар як гузориш сабабҳои асосии тамбашавӣ дар Душанберо ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт, таъмири бархе кӯчаву хиёбонҳо ва риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи ронандаҳо, аз ҷумла, таваққуфи мошин дар қатори дуюм ва сеюми роҳ, дар гардишҳо ва дигар ҷойҳои номуайяншуда рабт додааст.
“Махсусан нақлиёти ҷамъиятӣ, ки ба кашонидани мусофирон машғуланд, дар қатори дуюму сеюми ҳаракат ва дар ҷойҳои номуайяншуда ба фаровардан ва савор кардани мусофирон машғул мебошанд, ки боиси тамбашавӣ мегардад”, - гуфта мешавад дар гузориши Раёсати ВКД дар Душанбе.
Солҳои охир дар шаҳри Душанбе тамбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст. Бинобар ин мақомот тасмими сохтмони 7 эстакада ё роҳи ду ва ё сесатҳа дар Душанберо гирифта буданд.
Шаҳрдории Душанбе қаблан гуфта буд, ки барои сохтмони эстакадаҳо 58 млн доллар маблағҳои грантӣ ҷалб мешавад. Сохтмони ин роҳҳо кай оғоз мешаванд то ҳол маълум нест.
Ҳамзамон моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагардро бо баҳонаи ҳалли мушкили тамбашавӣ дар роҳҳо бастанд. Раёсати ВКД он замон гуфта буд, ин гузаргоҳҳо дар масофаи наздик ба ҳам ҷойгир буда, яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани танбашавии нақлиёт аст. Дар пайи ин иқдоми мақомот чанде аз сокинони пойтахт нигаронӣ карда гуфта буданд, ки бастани гузаргоҳи пиёдагард дар баъзе минтақаҳои шаҳр, мушкили убури роҳро ба миён меорад.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста